Маълумоти охирин

МЕХРИИ АРАБ

mesheryakovМЕХРИИ АРАБ Мир-Сайидали ибни Мирмусоиди Омули (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 17. Ба арабию форси шеър мегуфт. Дар дарбори султон Хусайни Сафави хизмат карда, ба унвони «маликушшуаро» сохиб шудааст. Мехрии Араб дар шеър гохо «Мехр» ва «Сайид» низ тахаллус мекардааст. Мехрии Араб сохибдевон аст. Як нусхаи девони у, ки такрибан 5600 байт дорад, дар китобхонаи Донишгохи Техрон махфуз асг. Дар баёзу чунгхо аз ашъори Мехрии Араб намунахои зиёде сабт шудааст. Аз бай­ни осори Мехрии Араб маснавии «Саропо» шухрат доштааст. Достони «Лайли ва Мачнун» низ дорад, ки аз он нусхаи нокисе бокист.

С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …