Маълумоти охирин

МЕДЕО

medeoМЕДЕО, яке аз калонтарин иншооти спортии чахон барои гузарондани мусобикахои спортии зимистона. 12 км дуртар аз ш. Алмаато дар баландии 1691 м аз с. б. сохта шуда­аст (1972). Стадиони яхпуш (яхи сунъи) асоси комплекси Медео буда, 10,5 хазор м2 вусъат дорад. Майдони яхпуши стадионро 3 пайрахаи варзиши сабук, ки барашон 5 м мебо­шад, фаро мегирад; дарозии 2-тои онхо 400 м буда, барои конькибозон ва пайрахаи сеюм (дохили) барои маищхои тайёрии варзишгарон аст. Майдони стадион барои машку мусобикахои ракси руи ях ва яхмолакбозии оммави истифода меша­вад. Медео барои 10,5 хаз. тамошобин чои нишаст дорад. Дар тахти минбархои стадион зиёда аз 200 хона, аз чумла поликлиника барои варзишгарон, зали кино, зали спорти, хучрахои тренерон, кабинахои алокаи телефони байнишахри, буфет, хонахои либоспушии варзишгарон ва г. мавчуданд. Соли 1975 коллективи мутахассисон (лоихакашон ва бинокорон) барои сохтмони бинои Медео ла­уреати Мукофоти давлатии СССР гардид.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …