Маълумоти охирин

МАВИЗ

mavizМАВИЗ, ангури хушкида, аз навъхои ангури мавизбоб тайёр мекунанд. Мавиз якчанд хел мешавад: бедона — кишмиши сафеди дар офтоб бе истифодаи ишкору буш сулфур хушконида; сабза — кишмиши сафеди ба махлули ишкор (махлули 0,2—0,4-фоизаи содаи каустики) тар карда дар офтоб хушконида; барои рангдор шудани Мавиз ангурро (дар чевон ё хонаи махсус) бо сулфур бур дода, дар руи чигбастхо (штабелхои тахтагиии 90X Х60 см) мехушконанд; сояги — кишмиши сафеди дар хонахои махсуси сояги (хонае, ки чор атрофи девораш сурохихои сершумор дошта, ба он нури офтоб намедарояд) хушконида широни — кишмиши сиёхи дар офтоб хушконида; гармиён — навъи дар махлули ишкор тар карда дар офтоб хушконидаи ангури каттакургони, султони ва нимранг. Барои рангдор шуданаш бо сулфур бур дода, дар чигбастхо мехушконанд; авлон — мавизи дар офтоб хушконидаи ангур.

Мавизро бо усули одди дар руи бурё, бордон ё суфахо ангурро хушконида тайёр мекунанд. Бо ин усул ангур дар 20—30 руз хушк мешавад. Аз ангури бо махлули ишкор таркардашуда дар 7—10 руз 24—30% ва дар сояхона дар 4—8 хафта 23—25% Мавиз хушк мешавад. Мавизи сояхона сершираву рангдор ва кабудчатоб мешавад. Мавиз то 80—85% канд, 0,5—3% турши, 2,3% моддахои нитрогендор ва г. дорад. Намии Мавиз набояд аз 18% зиёд бошад. Мавизро аа гарду чанг ва дигар омехтахо тоза карда, ба халта ва куттихо меандозанд.

Ад.: Мирзоев М. М. (ва диг.), Солнечновоадушная сушка винограда. М.. 1965.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.