Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВЧХО

МАВЧХО

МАВЧХО, вобаста ба вакт тагйир ёфтани тартиби фазовии максимуму минимумхои бузургихои физики, мас., фишор, зичии модда, шиддатнокии майдонхои электрию магнити; лаппишхои пахншаванда. Дар физикаи муосир намудхои зерини Мавчхоро тадкик мекунанд: мавчхои сатхии чандир (холати хусусии онхо Мавчхои садои), мавчхои электромагнити (аз чумла, шуоъафкании харорати, рушнои, гаммашуоъи, шуоъхои рентгени, радиомавчхо, мавчхои де-Бройль) ва г. Вобаста ба шакли сатхи фазахои баробар (фронти Мавчхо) Мавчхои сатхи, курави, цилиндри (Мавчхое, ки сатхи фазахои баробари онхо мувофикан сферахо ва цилиндрхо мебошанд) ва г. мавчуданд. Мувофики ориентацияи хамвории лаппиш нисбат ба самти пахншави мавчхои кундаланг ва мавчхои баркад вучуд доранд. Агар лаппиш кад-кади самти пахншави ба вучуд ояд, Мавчхои хосилшуда баркад ва агар лаппиш ба самти пахншави перпендикуляр бошад, Мавчхои хосилшуда кундаланг номида мешаванд. Мас., Мавчхои сатхи об, Мавчхои электромагнити дар мухити изотропи Мавчхои кундаланг буда, Мавчхои садои баркад мебошанд. Мавчхои кундаланги поллризацилшуда ва поляризациянашуда мавчуданд (ниг. Поляризацияи рушнои). Лаппишхои гармоникие, ки пахн мешаванд, Мавчхои синусондави ё монохромати (ниг. Рушноии монохромати) ном доранд. Характеристикахои асосии Мавчхои монохромати дарозии мавч X ва даври лаппиш Т мебошанд, ки ба хамдигар бо таносуби Т = —алокаманданд (ин чо с — суръати пахншавии Мавчхо). Ду мавч хамон вакт когеренти номида мешаванд, ки агар фарки фазаи онхо вобаста ба вакт бетагйир монад. Таъсири мутакобилаи ду ё зиёда мавчхое, ки дар хамон як пункти фазо вомехуранд, ба принципи суперпозиция тобеъ мебошад; агар Мавчхо когеренти бошанд, ходисаи интерференция ба вучуд меояд. Мас., ташаккули мавчхои истон хангами таъсири мутакобилаи Мавчхои хамвори росту (инъикосшуда бо ходисаи интерференциях мавч шарх дода мешавад. Агар дар рохи пахншавии Мавчхо монеае кисми фронтро нигох дорад, ба вучуд омадани дифракцияи Мавчхо мумачин аст. Мавриди ба худуди ду мухит афтидани мавч кисмхои аз худуд акс гашта, як кисмаш ба дигар мухит мегузарад. Ин ходисахо мувофикан инъикос ва шикасти Мавчхо номида мешаванд (мас., ниг. Шикасти рушнои). Кунчи шикаст ба нишондихандаи шикаст вобаста аст. Агар мухити дуюм анизотропи бошад, шикасти ду каратаи шуоъ ба амал меояд. Хусусияти мухите, ки мачмуи Мавчхои гуногунбасомад дар он пахн мешаванд, ходисаи нисбат ба якдигар «кафомонии» Мавчхо— дисперсияи мавчхоро боис мегардад. Ин ходиса, аз чумла дар он зохир мегардад, ки бузургии суръатхои фазави ва гурухии Мавчхо аз якдигар фарк мекунанд. Пахншавии Мавчхо бо интиколи энергия алокаманд аст, бинобар ин барои ба вучуд овардани Мавчхо ягон кор ичро кардан лозим меояд. Барои хангоми интиколи Мавчхо кам кардани сарфи энергия мавчбархоро кор мефармоянд. Агар чисме дар мухит бо суръати бештар аз суръати фазавии Мавчхо дар ин мухит харакат кунад, Мавчхои махсус пайдо мешаванд. Мас., хангоми бо суръати бештар аз суръати фазавии рушнои харакат кардани электрон шуоъафкании Вавилону Черенков ва хангоми бо суръати фавкуссадо харакат кардани самолёт мавчи зарбати ба амал меоянд. Агар манбаи Мавчхо ва мушохид наздик шаванд (дур раванд) эффекты Доплер руй медихад, ки бо он мас., лаганши сурхи спектрхои галактикахо шарх дода мешавад. Процессхои мавчхо дар табиат ва техника васеъ пахн шудаанд. Тадкики онхо барои инкишофи минбаъдаи илмхои фвзика ва техника мухим аст.

Ад.: Горелик Г. С., Колебания и волны, 2 изд.. М., 1059; Красильников В. А., Звуковые и ультразвуковые волны в воздухе, воде и твердых телах, Э изд., М.. 1060.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …