Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАНТИК

МАНТИК

МАНТИК ЧИСТ ? Мантик  аз забони араби гирифта шуда маънояш  “нутк” ё “забон” аст. Ин илмест, ки конунхои тафаккур ва шаклхои онро тадкик менамояд Мантик дар асри 4 то м. пайдо шудааст. Асосгузори он файласуфи Юнони Кадим Арасту аввалин шуда конун ва шаклхои тафаккурро тадкик намуд.

mantiqДар асархои Арасту масъалахои назарияи мафхум (.«Категорияхо»), силлогизм, хулосабарори ва исбот («Аналитикахо»), категорияхои мантики («Топика») ва конунхои айният, зиддият, истиснои салоса, асоси кофи («Илми барин» ё «Метафизика») тахлил шудаанд. Равокиён (ниг. Мактабхои фалсафи) алокаи Мантикро бо грамматика ва илми маони, инчунин масъалахои хулосабарории шарти ва мунфасилиро ошкор намуданд. Аммо таълимоти равокиён оид ба исбот ба ракобати фалсафии мактаби Эпикур дучор омад. Дар мубохиса бо равокиён эпикуриён тачриба, киёс, индукцияро химоя менамуданд. Мантикшиносони Элладаю Рим квадрати мантики (Апулей), таксими дихотоми ва г.-ро пешниход намуданд. Минбаъд дар зери таъсири таълимоти равокиён, ки онро намояндагони мактаби навафлотуния кабул карда буданд, Мантик бо грамматика наздик мешавад.

Дар асрхои миёна Мантик хамчун илми мустакил танхо дар мухити халку кишвархое, ки мансуб ба маданияти эрону араб буданд, инкишоф меёбад. Бисёр мутафаккирони форс-точик доир ба илми Мантик рисолахои махсус навишта, дар асархои умумифалсафи ва оид ба табииёт фаслхои алохидаи онро тахлил намудаанд. Файласуф ва донишманди бузург Абунасри Фороби дар аксар асархояш ба масъалахои Мантик дахл кардааст. Таълимоти мантикии Фороби хусусан хангоми шархи «Аргунун»-и Арасту дар «Эхсо-ул-улум» хеле бараъло ифода ёфтааст. Ибни Сино дар «Китоб-уш-шифо », «Китоб-ун-накот», «Донишнома» ва г. дар баробари тахлили фаслхои муъхталифи Мантик хусусиятхои забони форсу точикро ба таълимоти мантикиаш вобаста мекунад. Ба акидаи Ибни Сино Мантик илмест, ки зехнро дар хар тасаввур ва тасдик аз хар гуна хатохо хифз мекунад. Муносибати Мантик бо тафаккур чун муносибати сарфу нахв бо калом (нутк,) ва 6 аруз бо шеър аст. У таълимоти худро дар бораи исбот (бурхон) баён намуда, сенздах навъи фикрро номбар кардааст.

ки хангоми исбот хамчун асоси мантики ба кор бурда мешававд. Дар таълимоти Ибни Сино мафхум, хукм, хулосабарори, индукция, киёс  ва г. пурра тахдилу тадкик шудаанд. Дар тахкику инкишофи Мантик хизмати Носири Хисрав, Умари Хайём, Масъуди Тафтозони, Кутбуддини Рози низ бузург аст. Дар фахмиши Фахруддини Рози Мантик илмест доир ба таъриф, шаклхои хулосабарори ва таълимот оид ба исбот. Мухокима (казия) гуфторест, ки тасдик ва инкорро дар бар мегирад. Мухокимахо аз руи таркиби худ содда ва мураккаб буда, ба 15 навъ таксим мешаванд. Ба акидаи Фахруддини Рози, мавзуи асосии Мантик хулосабарорист. Хулоса икгирони ва истиснои мешавад. У инчунин ба тахкики масъалахои зиддияти мантики, маърифати акли ва хисси, истиснои салоса шугл варзидааст. Насируддини Туси истилохоти гайридоимии мантикиро бо аломатхо ифода намуда, собитахои мантикиро ба воситаи аломатхои махсус ифода кардааст. У сифати мухокима ва собитахои умумият ва мавчудиятро бо аломатхо баён намуда, менависад: «Мувозати хатхо аломати эчоб буд ва адами мувозат аломати салб. Ва мувозати махмул хама мавзуъро аломати кулли ва баъзеро аломати чузъи («Асос-ул-иктибос», Техрон, 1326 Х-, ш. сахифи 190). Дар таълимоти Насируддини Туси привципхои тасрех рамз ва тархгирии шаклхои мантики ва истифодаи методу истилохоти математики нисбат ба пешгузаштагон амиктар ва пурратар тахлил шудаанд.

Инкишофи минбаъдаи илми Мантик бо номи файласуфони англис У. Оккам Ф. Баков, файласуфи франсави Р Декарт, мутафаккирони немис Г. В. Лейбниц ва И. Кант вобаста аст. Дар асри 19 Чон Милл, Д. Ф. В. Гершел, Уэвилл, Г. Гегель, О. де Морган фаслхои гуногуни илми Мантикро таракки доданд. Ч Буль, П. С. Порецкий ва Э. Шрёдер алгебраи мантикро кашф намуданд. Дар такмилу инкишофи Мантики муосир математикхо А. Н. Колмогоров, Н. С. Новиков,

А. А. Марков, С. А. Адян, А. И. Мальцев, С. А. Яновская ва мантикшиносони совети В. Ф. Асмус, Д. П. Горский, Б. К. Войшвилло, В. А. Смирнов низ хизмати босазо доранд.

Мантики шакли шаклхои тафаккур (мафхум, хукм, хулосабарори) ва конунхои онро омухта, мазмуни конкретии онро ба назар намегирад (ниг. Абстракция). Мантики шакли аз тадкики фаъолияти амали ва эчодии инсон сарфи нахар карда, бо масъалаи инкишоф (аз чумла, инкишофи шаклхои тафаккур) машгул намешавад, аммо инкишофро рад намекунад.

Классикони марксизм-ленинизм махдудияти Мантики шаклиро кайд карда буданд. То кашфи Мантики диалектики Мантики шаклиро мутлак мешумориданд. Ин натича дар Мантики шакли хукмфармо будани методи метафизики буд, ки робитахои даруни, харакати худ аз худ ва инкишофи олами объективиро инкор мекард. Тадкикки шакли муносибатхои мантики масъалаи хоси Мантики шакли буда, дурустии фикрро муайян мекунад. Азбаски Мантики шакли муносибати мантикии таркиби мукаррарии тафаккурро тадкик менамояд, коида ва Конунхои он ба тамоми шаклхои зухури тафаккур тааллук доранд.

Мантики шакли тафаккурро аз руи дурустии мантики тадукик намуда конун ва коидахоеро ошкор менамояд, ки риояи онхо шарти зарурии дар чараёни донишхои хулосави ба даст овардаии хакикат мебошад. Хакконияти фикр ва дурустии сохти он ду чихати чудонашавандаи чараёни ягонаи маърифатанд. Ин гуна чудокуни ба формализми мантики хос аст. Мувофики ин таълимот шакл ва конунхои тафаккур ба мазмуни он муносибате надоранд ва гуё тафаккур новобаста ба амалия пайдо шудааст. –Мантике,, ки ба принципхои гносеологияи материалисти асос ёфтааст, дурустии фикрро вобаста ба хакконияти он, шакл ва конунхои Мантикие вобаста ба мазмуни он меомузад.

Мантики шакли робитаи ин ё он мафхум ва хукмро на дар чараёни инкишофи онхо, балки хамчун фикрхои гуногуни мустакил тахлил менамояд. Хар як фикр мазмуни муайян ва шакли мантики дорад. Фикр бо калимот ва истилохоти забон ифода меёбад, бинобар ин шакли муайяни грамматики дорад.

Фикрхои гуногун, катъи назар аз мазмуни конкретиашон, аз руи сохти худ умумияте доранд, ки онро шакли мантики меноманд. Шакли мантики навъхои гуногун дорад. Мас., хукми «агар аз нокил чараён чори шавад, он гох дар атрофи нокил майдони магнити хосил мешавад»-ро ба тарзи дигар чунин ифода кардан мумкин аст: «агар А бошад, он гох В мешавад». Дар ин чо А ва В ходисахои гуногун (чори шудани чараён аз нокил ва хосил шудани майдони магнити дар атрофи нокил)-ро ифода мекуианд. Муайян кардани шакли мантикии фикр, харгиз маънои аз хар гуна мазмун катъи назар карданро надорад. Шакли мантики конунхои мантикиро ифода мекунад.

Агар хукмхои мукаддимави хак ва хулосабарори Мантикан дуруст бошанд, пас хукми хулосави низ доимо хак мешавад. Ин мохияти мантикан дуруст будани тарзи фикрронии инсонро муайян мекунад.

Дар асоси Мантики шакли дар миёнаи асри 19 сохаи нави Мантик— мантики математики пайдо шуд. Мазмуни асосии Мантики математикиро тадкики муносибати байни хукм ва мафхумхо дар чараёни хулосабарори ва бурхон ташкил медихад. Мантики математики аз Мантики шакли, пеш аз хама, бо методи тадкикоти худ фари, мекунад. Дар он барои тамили конуниятхои мантики аз методи «хисоббарори», ки хоси математика аст, истифода мебаранд. Мантики математики забони махсуси рамз ва формулахоро истифода карда, тафаккурро дар системахои муайяни мантики («Хисоби мантики») меомузад. Ин имконият медихад, ки ба чои фикрронию исботи мукаррари шаклдигаркунии формулахо аз руи коидахои муайян гузаронида шавад. Дар Мантики математики коидаи амалхо бо рамзхо аник муайян карда мешавад, бинобар ин хулосабарориро бо мошинхои электрони анчом додан мумкин аст.

Имруз Мантики математики илми хеле тараккикарда буда, хатто дар физиологияи фаъолияти олии асаб, психология, забоншиноси ва г. васеъ татбиик, ёфтааст.

Мантики математики тамоми масъалахои Мантики шаклиро дар бар намегирад ва бо масъалахое кордор аст, ки аз доираи Мантики шакли берунанд.

Яке аз масъалахои асосии Мантики математики тадкики асосхои математика мебошад. Математика илми дедуктиви буда, бар пояи мафхуми бурхони котеъ карор гирифтааст, ки зотан сиришти мантики дорад. Масъалаи катъи баён нашудани мохияти мафхумхои математики масъалаи асосии Мантики математикист. Чунончи, муайян кардани эътимоди далелхои математики ва табиати худи математика аз вазифахои уст.

Мантики диалектики умумитарин конунхои пайдоишу инкишофи табиат, чамъият ва тафаккурро меомузад. Мантики диалектики макоми категорияхои диалектикаи материалистиро дар чараёни маърифати илми муайян намуда, конуниятхои умумии инкишофи тафаккурро меомузад. Мантики диалектики такозо дорад, ки мазмуни хар як зинаи таърихи ошкор ва дар заминаи ин нишонахои мухими он аз нав муайян карда шавад. Мантики диалектики бо диалектика, назарияи маърифат ва материализми диалектики робитаи узви дорад. Аа ин нуктаи назар Мантики диалектики «таълимотест на дар бораи шаклхои берунии тафаккур, балки дар бораи конунхои инкишофи «хамаи чизхои материали, табии ва рухи», яъне инкишофи тамоми мазмуни конкретии олам ва донистани вай, яъне чамъбаст, чамъ, хулосаи таърихи донистани олам аст» (Ленин В. И., Ас., ч. 38, сах. 83). Мантики диалектики натичаи чамъбасти тамоми таърихи маърифати инсони буда, дар асоси халли материалнстонаи масъалаи асосии фалсафа тафаккурро инъикоси вокеияти объективи медонад.

Вазифаи асосии Мантики диалектики аз наздики шаклхои мантики ва конунхои маърифати илм дар асоси чамъбасти таърихи фалсафа, таърихи хамаи илмхои алохида, забон ва таърихи инкишофи фикрии инсону хайвонот иборат аст. Мантики диалектики нарзарияи объективии инкишофи табиат ва чамъиятро ифода намуда, аз Мантики шакли ва Мантики математики ба кулли фарк мекунад.

Ад.: Маркс К., Капитал, т. 1—3, Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 23; Э н-гельс Ф., Анти-Дюринг, Д., 1975; Ленин В. И., Материализм ва эмпириокритицизм, Ас., я- 14; Хамон  муал., Дафтархои философи, Ао., я. 38; Болтаев М Н., Мантик, Д., 1965; Б и б-л е р В. С., О системе категорий диалектической логики, Сталянабад, 1958; Розенталь М. М., Принцип диалектической логики, М., I960; Копнин П.

В., Диалектика как логика, Киев, 1961; Болтаев М. Н., Вопросы гносеологии и логики в произведениях Ибн-Сины и его школы, Д., 1965; Стяжкин Н. И., Формирование математической логики, М., 1969; Ильенков Э. В., Диалектическая логика. М., 1974; Кондаков Н. И., Логический словарь-справочник, М., 1975.   Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …