Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МАНТИЯИ ЗАМИН

МАНТИЯИ ЗАМИН

МАНТИЯИ ЗАМИН, табакаест байни кишр ва ядрои Замин 83% хачм (гайр аз атмосфера) ва 67% массаи Заминро фаро мегирад. Бино бар акидахои мавчуда Мантияи Замин, аз хамон элементхои химияви иборат аст, ки онхо хангоми пайдоиши Замин дар холати сахт буданд ё ба таркиби пайвастхои сахти химияви дохил мешуданд (аз кабили О, Si, Mg, Fe). Мувофики тасаввуроти хозира, таркиби Мантияи Замин ба таркиби метеоритхои санги наздики дорад.

mantiyai-zamin

Аз метеоритхои санги ба Мантияи Заамин бештар таркиби хондритхо наздик аст. Мантияро аз кишри Замин сатхи Мохоровичич чудо мекунад, ки дар он суръати мавчхои сойсмикии баркад хангоми аз кишр ба Мантияи Замин гузаштан якбора аз 6,7—>7,6 то 7,9—8,2 км/сон меафзояд; аз ядрои Замин мантияро сатхе (дар чукурии 2900 км) чудо мекунад, ки дар он суръати мавчхои сейсмики аз 13,6 то 8,1 км/сон кам мешавад. Мантияи Замин ба мантияи поёни ва мантики болои чудо мешавад. Мантики болои дар навбати худ (аз боло ба поён) ба субстрат, кабати Гутенберг (кабати суръатхои пасти мавчхои сейсмики) ва кабати Голицын (онро баъзан мантияи мобайни меноманд) таксим мешавад Дар поёни Мантияи Замин кабати гафсиаш то 100 км мавчуд аст, ки дар он суръати мавчхои сейсмики намеафзояд, балки андаке суст мешавад. Аз афташ кишри Замин аз хисоби Мантияи Замин ба вучуд омадааст; процесса диффренциацияи Мантияи Замин холо хам давом дорад

. Тахмин мекунанд, ки ядрои Замин хам аз хисоби Мантияи Замин калон шуда истодааст. Процессхои дар кишри Замин ва Мантияи Замин руйдиханда бо хам знч алокаманданд; харакатхои тектоникии кишри Замин шояд аз Мантияи Замин энергия гиранд.

Ад.; Магницкий В. А., Внутреннее строение и физика Земли, М., 1965; Проблемы строения земной коры и верхней мантии. М., 1970.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …