Маълумоти охирин

МАНСУБА

МАНСУБА (ар.  — таъинот, чизе барпо кардашуда, тадбири кор, найранге соз кардан ё фитнае ангехтан), 1) дар шохмотбозии мохирона, тадбири найрангомез. Вазъияти (шакли) ба таври сунъи барпо кардашудаи колой (мухрахои) шатранч дар руи матъ, ки одатан яке аз тарафхо (сафедхо ё сиёххо) бояд супоришеро ичро кунад (мас., шохи харифро мот кунад, хамаи колохо ё охирин колои бокимондаи уро кушад, бозиро коим кунад ва г.). Мансубахое хам хастанд, ки аз бозихои нодири гариби олияхо (гроссмейстерхо), устодон ва бехбозон ба миён омадаанд. Хусусияти асосии Мансубахо: куввахо такрибан баробаранд, шохи сафед бояд ба як бози ноилоч мот шавад, вале навбати бози аз уст, вай бо киштхои паёпай ба он як бози имконият намедихад ва пас аз чанд бозии мохиронаи аъло ва зебо харифро маглуб менамояд. Мансуба аз чихати шумораи коло се вавъ аст: андакколо, ки камтар аз 10 пора дорад, «миёна, ки аз 10 то 19 пора аст ва бисьёрколо, ки бешгар аз 20 пора коло дорад. Аз чихати шумораи бози (довхо) ду навъ аст: андак-бози, ки то 5 дов ба кисм мерасад ва бисьёрбози, ки аз 6 дов бештар аст.

Мансубахо хам мисли худи шатранч, таърихи кадими дошта, бо ин бозии асрорангез хамеша хамкадам будааст. Маълум нест, ки аввалин Мансубахоро ки, кай ва дар кучо оростааст. Дар замони Сосониён (220—642) шатранч дар байни табакоти чамъият шухрати тамом дошт. Вале дар натичаи хаводиси носозгори таърих аз Мансубахои он рузгор ному нишоне бокт намондааст. Кадимитарини Мансубахо, ки то замони мо расидаанд, ба асрхои 8—9 тааллук доранд. Дар ин давра шатранч дар Машрикзамин, хусусан дар Хуросон ва Мовароуннахр, paвнаки тамом дошт, аввалин олияхо ва Мансубсозони шатранч Абдулхофизи Шатраичи, Зайроб Катопи Хоразми, Чобири Куфи, Абулчаъфари Ансори, Наими Ходим, Абубакр Мухаммади Сули, Адли буда, бо онхо дар як вакт адабиёти фаровони доир ба шатранч ба миён омад. Дар охири асри 10 Абулфатхи Сичзи дар асоси рисолаю китобхо ва ривоятхои кадими бо номи «Китоби шатранч» асари пуркимат офарид, ки дар он бешгар аз 250 Мансубахо оварда шудааст. Арабхо Мансубахоро бо бозии шатранч ба Арабистон ва аз он чо асри 11 ба Аврупо бурданд ва давраи нави такомули Мансубахо огоз гардид. Осори зиёде ба забонхои европои ба вучуд омад, ки мухимтаринашон китоби шохи Испания Альфонса X «Мансубахо ва коидахои шатранч» (1283) аст. Мансубахои он китобхо аксаран аз осори шатранчиён ва Мансубхосозони Шарк иктибос гардидаанд ва иддае аз он он бо такозои замон тагйиру такмил ёфтаанд (колохои зиёдати дур, чои баъзеи онхо иваз ва адади бози кам карда, вале зарофат ва латофати Мансубахои пештара нигох дошта мешуд). Дар натичаи такомули минбаъдаи шатранч дар асрхои 15—16 (дигар шудани тарзи харакати фарзин, фил, пиёда ба вучуд омадани калъагири ва г.) Мансубахо хам хеле такмил ёфт. Аз Мансубахо мафхумхои хозираи масъала (асри 16), этюд (а. 19) ба вучуд омаданд.

Яке аз Мансубахои кадим ки халкхои эронинажод, кимоти Дилором ном дорад, бо тасвир ва тафсирхои гуногун кариб дар хамаи мамлакатхои дуньё машхур аст. Хар халк онро аз они худ мепиндорад ва мутобики зисту зиндаги ва урфу одати миллии худ ривояте хам дорад. Шакли маъмултари он Мансубахо, ки дар бештари китобхо дида мешавад, ин аст: Гуё подшохе бо шахсе шатранч мебохт ба ин шарт, ки агар бибарад, хазор динор меситонад ва агар бой дихад, канизаки сохибкамоли худ Дилором ва аспи бехтаринашро, ки низ Дилором номида буд, ба у дихад. Подшох ба вазъияте афтод, ки коилон бояд мот шавад. Канизак Дилором, ки бозиро нзаора мекард, ба ин мазмун таронае огоз кард:

Шохо, фараси хеш ба ноком мадех, Сарриштаи худ ба мардуми ом мадех. Хохи, ки Дилором зи дастат наравад, Ду pух бидеху аспи Дилором мадех.

Шох зуд аз матлаб пай бурда, ду рух бидоду бозиро бурд ва хазор динор биситонд. Халли ин М: 1. Ph8+4- Ш : h8 2. Фл(5 + 111*8 3. РЬ8 + Ш : Ь8 4. g7 + IIIg8 5. Ah6X. (Фил дар он замон се хона мерафт ва аз болои мухра мечахид). Ин Мансубахо бо мурури замон дар асари тагйирот назар ба шакли кадимии худ хеле содда шудааст.

Хамаги то замони мо 700 Мансубахо омада расидааст, ки онхо аз махората баланд, хисоби дакик ва дониши амики Мансубхосозон дарак медиханд ва бо асбоию нафосат, зарофату ачобати худ ба хонанда завку халовати эстетики мебахшанд. 2) Номи бозии хафтуми нард.

Ад.: Гижиции Е , С шахматами через вена и страны, Варшава, 1964, Мях. Юдович, Рассказы о шахматах, М., 1959; Коллектив, Шахматы, М., I960; Линдер И. М., У истоков шахматной культуры, М., 1967.

И. Рахматов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …