Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МАМАДКУЛИЗОДА Чалил

МАМАДКУЛИЗОДА Чалил

МАМАДКУЛИЗОДА Чалил (тахалл. — Мулло Насриддин; 22. 2. 1866, Нахчувон— 4. 1. 1932, Боку), нависандаи советии озар, ходими чамъияти. Солхои 1888-98 муаллим буд. Аз соли 1903 дар Тифлис зиндаги кардааст. Соли 1906 ба нашри журнали хачвии «Мулло Насриддин» cap карда, харакати миллии озодихохии мамлакатхои Шаркро, химоя менамояд. Иштирокчии Революцияи 1905—07.

Пас аз Революцияи Октябрь барои татбики хуруфоти нав дар Озарбойчон фаъолона иштирок намуд. Фаъолияти адабии Мамадкулзода аз солхои 80 огоз ёфтааст. Асосгузори анъанахои демократии революциони дар адабиёти Озарбойчон. Дар повеет «Вокеае дар дехаи Донабош» (1894, нашр. 1936), хикояи «Куттии почта» (1904) зиндагии пурмашаккати тореволюционии мардуми Озарбойчон инъикос гардидааст.

Махорати хачвнависии Мамадкулзода дар пьесахо, махсусан дар мазхакахои зиддидинии у («Мурдахо», 1909, «Мачлиси девонахо», нашр. 1936) барчаста зухур кардааст. Афкори пешкадами Мамадкулзода ва журнали у дар рохи бедори ва худшиносии халкхои Осиёи Миёна роли мухим бозидааст. Хикояхои Мамадкулзода ба забони точики тарчума шудаанд: «Хикояхо» (1962). Соли 1963 Театри академии драмаи ба номи Лохути «Мурдахо»-ро ба сахна гузошта буд.

Ос.: Четки хана. М., 1966.

Ад.: Ибрагимов М., Джалил Мамедкулизаде. М., 1966.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …