Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАКТАБИ МИНЁТУРИ ШЕРОЗ

МАКТАБИ МИНЁТУРИ ШЕРОЗ

МАКТАБИ МИНЁТУРИ ШЕРОЗ, яке аз сабк ва мактабхои минётурнигорие, ки нимаи аввали асри 14 дар Шероз ташаккул ёфтааст. Кадимтарин намунаи осори Маданияти минёатури Шероз, ки то замони мо расидааст, минётуркори ва ороишоти хафт дастхати «Шохнома»-и Фирдавси мебошад, ки солхои 1330—52 анчом ёфтааст. Дар ин солхо дар Шероз китобхонае амал мекард, ки минётурнигорону хунармандони саликаашон гуногунро гирд оварда буд. Услуби умумии минётурхои ин мактаб характери монументали дошта, чуссахои калон (баъзан баркадди мусаввара) дар замини сурх ё зард офарида мешуд. Пейзажнигори хамчун тавсифи чои амал инкишоф ёфта, тасвири аники фазо ба хукми анъана медарояд.

eron

Солхои 70 асри 14 дар мусавварахои Маданияти минёатури Шероз принципи дитари фазои — тасвири сертаркибаву серчузъиёт дар минётур маъмул мегардад. Дар охири асри 14 ва ибтидои асри 15 баъди Багдоду Табрезро фатх намудани Темур хунармандону санъаткорони зиёде ба Самарканду Шероз оварда шудаад ва Маданияти минёатури Шероз ру ба инкишоф ниход.

Ва ин дастхати «Тазкират-yл -шуаро», ки солхои 1410—11. таълиф шудаанд гувохи медихад. Дар катори минётурхои сабки Шероз дар ин дастхатхо боз мусавварахои бо услуби минётурнигории Багдоду Табрез эчодшуда вомехуранд, ки барчастатарин намояндаи он Чунайд Султои буд. Дар ин минётурхо принципи тасвири фазои ва композиция мукаммал гардида, тафсири образ, пейзаж, ачсоми меъмори бо таъсири минётурхои Чунайд Султон инкишоф ёфт. Вале соли 1420 аз ин ду равия сабки Шероз бартари пайдо карда, услуби минётурнигории Багдоду Табрезро танг карда баровард. Тасвирот аник, шумораи чуссахо кам, таносуби рангу холати пайкархо човишгар мегарданд («Тазкират-уш-шуаро», 1420).

Хатто усулхои минётурнигории дар мактаби Багдод расмгардида таъбири нави худро меёбанд. Дар аксари минётурхо ба сифати замин (фон) куллахои якранги тирафом истифода мешаванд. Инкишофи минбаъдаи Маданияти минёатури Шероз бо хамии рох сурат гирифтааст («Таърихи Чахонкушо»-и Чувайни, 1438, «Хамса»-и Низоми, 1444—45). Куллахои якранги тегахояшон бо раххои хошиямонанд оро додашуда бо мурури замон меъёри маъмули минётурхои ин мактаб мегардад. Тасвири махсуси маргзор бо анбухи растанихои зич, харсангхои кунгурамоганд, абрхои кабат бакабату пурпечутоб нишонахои хоси минётурхои солхои 40-ум ба шумор меравад.

Ба минётурхои Маданияти минётури Шероз нимаи дуюми асри 15 мучази, тобишхои равшани рангхо хос аст («Шохнома», 1450—60). Дар охири асри 15 Маданияти минётури Шероз ба авчи инкишофи худ расида, тамоми нозуки, дакики ва назаррабоии санъати минётурнигориро дар худ тачассум мекунад («Хамса»-и Низоми, 1491). Маданияти минётури Шероз дар асри 16 хам инкишоф ёфта, дар худ бехтарин сифатхои минётурнигории охири асри 15-и Шерозро нигох медорад (Девони Хофиз, 1532).

Аз охири солхои 40-ум микдори дастхатхои минётурдор афзуда, композиции бою мукаммал, рангхо равшану чозиб мегарданд («Хамса»-и Низоми, 1543—44; 1545). Дар солхои 1560—70 Маданияти минётури Шероз ба давраи нав кадам менихад, ки ба он композицияи бисьёрфигурави хос буд (мас., тасвири чавгонбози, маросимхои гуногуни серодам ва г.). Бозёфтхои эчодии композицияи бисьёрфигурави алалхусус дар «Мехр ва Муштари»-и Ассори Табрези, «Куллиёт»-и Саъдии Шерози, «Шохнома»-и Фирдавси (1594—95) равшан ба чашм мерасад. Минётурхои ин давра аз руи андоза калонтар шуда, домани мавзуашон васеъ мегардад ва чузъиёти маиши ботафсилтар ифода меёбад.

Макоми ороишот, ки яке аз чузъхои мухимтарини Маданияти минётури Шероз буд, боз хам меафзояд: дер нигоштани чузъиёти меъмори рангубор, зебу зинат ва накшунигори табии кувват мегирад. Маданияти минётури Шероз дар тули poхи дурударози эчоди (нимаи дуюми асри 15 — ибтидои асри 17) ба бисьёр бозёфтхо ноил шуд ва баробари мохирона хазм ламудани анъанаи дигар сабку равияхои минётурнигори услуби хоси худро то охир нигох дошт.

М. Ашрафи.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …