Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МАКТАБИ БЕДИЛ

МАКТАБИ БЕДИЛ

МАКТАБИ  БЕДИЛ, равияи адабие дар адабиёти асрхои 18—19 ва аввали асри 20 точик, ки дар Осиёи Миёна ба амал омада процесси адабии ин даврахоро фаро гирифт. Бедил бо истеъдоди фавкулодаи бузурги худ анъанахои адабиёти классикии форс-точикро омухта, вобаста ба тахкики вокеияти Хиндустон пахлухои гоявии ин адабиётро ба тарзи хос инкишоф дод. Дар эчодиёти Бедил чанбаи ичтимоию ахлоки ва фалсафию маърифатии адабиёт ба тарзи тоза ва бо камоли эъчоз вусъат пайдо кард. Принципи тахкики бадеи ва системаи хоси тасвири бадеии вокеият дар сурати хамбастагии шаклу мазмун арзи вучуд карда, мохияти фалсафию эстетикии методи бадеии Бедилро ташкил додааст. Ана хамин холат «тарзи Бедил»-ро ба «кайфияти эъчоз» расонидааст, ки фахмидан ва шарх додани ашъори вай аз хонанда фазлу хунари махсусро талаб мекард ва аз ин ру, дар байни пайравони шоир як мактаби алохидаро ба вучуд овард. Диккати шоирону адибон бештар ба хамон газалхои Бедил равона гардидааст, ки дар онхо маърифати суфиёнаи вокеият ба тарзу услуби нав чилвагар шуда буд. Аз ин ру, пайравони Мактаби Бедил ихлосмандии худро нисбат ба ин шоири бузург бо рохи мухаммас бастан ба газалхои тасаввуфии вай ва ё дар бобати навиштани газалхои мафхуми бедилона зохир намудаанд. Дар асри 16 шохахои Мактаби Бедил ба таври равшан чудо нашуда буданд.

maktabi-bedilДар нимаи якуми асри 19 ба газалхои суфиёнаи Бедил ва тарзи бедилонаи тасвир бештар намояндагони адабиёти динии феодали таваччух доштанд. Аммо дар адабиёти пешкадами ин давр, ки тасвири реалистии хаёт ва мудохилаи шоирон ба вокеияти зиндаги вусъат пайдо карда буд, бинобар хануз кашф нагардидани мохияти прогрессивии эчодиёти Бедил, рагбат ба осор ва услуби душворписандаи у нисбатан суст шуд. Ба хамин тарик, то нимаи дуюми асри 19, ба такозои нузули хаёти мадани ва побанди идеологияи дини ислом гардидани тафаккури бадеи, инчунин ба сабаби хануз норасо ва махдуд будани фахми бедилшиноси, Мактаби Бедил дар инкишофи афкори ичтимоию адаби чандон роли прогрессиви бозида натавонист. Вакте ки дар нимаи дуюми асри 19 ба муносибати ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна дар хаёти иктисоди ва маънавии халкхои ин сарзамин дигаргуни руй дода, вобаста ба инкишофи чараёни нав дар адабиёт муборизахои мафкурави тезутунд гардид, Мактаби Бедил ба тарзи нав вусъат ёфт ва шохахои гуногуни нав ба таври хос чараён гирифт. Минбаъд осори Мирзо Бедил таваччухи намояндагони гуруххои гуногуни ичтимоиро ба тарафи худ кашид, ки онхо аз зиддиятхои дохилии эчодиёти ин мутафаккир барои мустахкам кардани мавкеи идеологиашон истифода намудаанд.

Ба ин маъни идеологхои синфи хукмрон дар байни халкхои Осиёи Миёна эътибори зиёд пайдо кардани ин шоири душворписандро ба назар гирифта, ашъори «мунтахаби» уро на танхо дар мадрасахо, балки дар мактабхо, хатто ба талабагони гайриточик мехононданд ва дар ин маврид рухониёни ислом Бедилро ба сифати шоири мистики исломия таблиг менамуданд. Зиёда аз ин мураккабии таран баёни Бедилро бисьёр муболига карда, паши рохи оммави гардидани осори шоири бузургро гирифтани мешуданд. Катъи назар аз ин гуна махдуд кардани эчодиёти шоири мутафаккир, Мактаби Бедил ва мутолиаи осори серсохаи у дар байни зиёиён ва равшанфикрони кишвархои Осиёи Миёна беш аз пеш вусъат меёбад. Ахмади Дониш дар таърихи афкори адабии точик аввалин шуда асрори бузургии Бедилро кашф намуд ва дар бедилфахми инкилоби фикри ба амал овард. Дониш ба мутолиаи газалхои «Мунтахаб»-и Бедили конеъ нашуда, бо кудрати баланди тафаккури худ хамаи осори манзуму мансури ин адибро, аз як тараф, дар зимни китобат мутолиа ва таргиб карда бошад, аз тарафи дигар, оид ба мухимтарин кисматхои осори Бедил шарххо навишта, барои дуруст фахмидани маънохои дакик ва судманди шоир дастурхо пешниход кард.

Лекин, чунон ки устод С. Айни кайд кардааст, «… худ на дар назм ва на дар наср услуби уро тахлил намекард ва хамсухбатони худро аз таклид кардани у манъ менамуд» (Кулл., чилди. 11, китоби 2, сах. 116). Аз тарафи Ахмади Дониш бо унвони «Абулманони» («падари маънихо») ба тозаги кашф шудани Бедил сабаби зиёдтар шудани бедилхонон гардида, бахсу мунокишахои гуруххои гуногуни ичтимоиро дар атрофи эчодиёти Бедил боз хам тезутунд кард. Дар байни намояндагони идеологияи хукмрон ва адабиёти динию феодали оид ба мазмуни гоявии эчодиёти Бедил ихтилофи акида ва носозихои фикри ба амал омада, кисме аз онхо Бедилро ба дахранги айбдор мекарданд, кисми дигаре кушиш мекарданд, ки уро хамчун шахси диндори мутаассиб муаррифи кунанд. Муносибати намояндагони идеологияи динии феодали вусъати Мактаби Бедилро дар хаёти ичтимои ва адаби махдуд накарда, баръакс, таваччухи адибони пешкадам ва тараккихохро нисбат ба эчодиёти Бедил беш аз пеш зиёдтар намуд ва аз ин чост, ки мудохилаи онхо ба осори адиби бузург дар шаклу намудхои гуногун зохир гардидааст.

Як кисми намояндагони равияи пешкадами Мактаби Бедил бар хилофи мукаллидони ноухдабарои Бедил, дар ашъори худ мазмунхои тасаввуфиро сарфи назар карда, дар зимни бомуваффакият пайрави кардани услуби бедили, эътироз ва фикрхои танкидии худро ба мукобили носозихои замон ва тартиботи хаёти феодали ифода мекарданд (Исо-махдум); аз мисраъ ва байтхои баландмаънии Бедил ба вачд омада, дар зимни он тарафхои чукуртар ва шурангезтари хиссиёти ботинии инсонро бо чилвахои тоза тараннум кардаанд (Туграл). Баъзе шоирон, мисли Савдо, холати зохирии системаи образхо ва вазну кофияи ашъори Бедилро ба таври хачви истифода карда, аз як тараф, ба мукаллидони бехунари у тамасхуркунии шухрати шеъри Бедилро мухофизат намуда бошанд, аз тарафи дигар, ба эътибори шухратмандии шеъри Бодил неруи эмоционалии хачву танкидхои ичтимоии ашъори худро пурзур гардонидаанд. Кисми дигаре аз адибони пешкадами Мактаби Бедил чихатхои шаклии услуби бедилиро тадричан тарк карда, аз маънихои баланди он дар афкори ичтимоии танкиди ва ахлокию эстстикии худ истифода кардаанд. Дар ин бобат роли Ахмади Дониш ва пайравони у калон аст.

С. Айни, ки дар омузиш ва тахкики осори Бедил хидмати шоистае кардааст, рочеъ ба таъсири ин шоири мутафаккир сухан ронда менависад: «Аз шоирони точики Осиёи Миёна Сарир, Сират, Исо (бухорои), Асирии хучанди, Чавхарии уротеппаги Бедилро бомуваффакият таклид кардаанд… Асири хам дар назм, хам дар наср ва хам дар мазмун бомуваффакият таклид кард. Назм ва насри у аз танкиди уламои расми ва урфу одати феодализм пур буд… Зуфархони Чавхари… ба сифати як шоири совети хам аз чихати шакл ва хам аз чихати мазмун хеле чизхои оммафахм дода бошад хам, дар лирика то охири умраш дар пайравии Бедил собит монд» (Куллиёт, чилди 11 китоби 2, сах- 110—117). Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 бедилхони характери оммави гирифт. Мувофики ахбороти С. Айни дар Мадрасахои Бухоро, Самарканд ва Хучанд аз хаваскорони бедилдуст даврахои алохида ташкил карда ва ба атрофи ягон бедилшинос гун шуда, бедилхони мекарданд.

Дар Хучанд ва Уротеппа хатто дар чойхонахо «Куллиёт» ё девони газалиёти Бедил ёфт мешуд, ки босаводоии бедилдуст дар давраи чойнуши бедилхони мекарданд ва босаводон ба онхо гуш дода ба кадри фахмашон фоида мебурданд. Гaзалхои Бедил аз тарафи хофизон — Хочи Абдулазиз ва Содирхон бо охангхои пурчазаба суруда мешуданд. Аз ин чост, ки шеъру газалхои Бедил аз доираи ахли адаб берун баромада, дар байни табакахои мехнати — дехконони камбагал ва хунармандон пахн мешуд ва ба ахволу авзои хамонвактаи онхо чур мегардид. Мактаби Бедил вокеан басо мураккаби адабию ичтимои буда, дар процесси мавчудияти худ шоха ва чараёнхои гуногун пайдо кардааст. Дар шоха ва чараёнхои пешкадами Мактаби Бедил тадричан пахлухои гуногуни гоявию бадеии эчодиёти Бедил ошкор гардидааст, ки онхо дар инкишофи афкори ичтимоию ахлоки ва адабию эстстикии халкхои Осиёи Миёна роли мухим бозидаанд.

Ад.: А Аки С., Мирзо Абдулкодири Бедил, Сталинобод, 1054; хамон муалл., Куллиёт, ч- II, китоби дуюм,. Д., 1964; Муминов И. М.. Философские взгляды Мирза Бедил, Ташкент, 1957; Амиркулов С., Ахмади Дониш ва Мирзо Бедил, дар мачм.: Масъалахои филологияи точик, Д., 1974. С. Амиркулов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …