Маълумоти охирин

МАККА

МАККА (тавсифхояш: Маккаи мукаррама, Уммулдуро — модари дехахо, Уммулмадоин — модари шахрхо ва гайра), шахри Макка дар кисми гарбии Арабистони Сауди. Маркази маъмури ва тичоратии вилоят Хичоз. 70 километр дуртар аз сохили бахри Сурх, дар байни талу теппахо вокеъ аст. Рохи автомобилгард Маккаро бо шахрхои Мадина , Арриёз, Чидда мепайвандад. Аэропорт дорад. Ахолиаш 300 хазор нафар. (2017 сол).

Макка— маркази асосии дин ва хаччи мусулмонон, ватани асосгузори дини ислом — Мухаммад (САВ) аст. Машгулияти асосии ахоли: тичорат, хунарманди ва хизматрасони ба хочиён. Дар Макка корхона ва устохонахои истехсоли колин, зарфхои сафоли, атриёт, ба зарфхо рехтани оби Замэзам хаст. Заводхои равган кор мекунад. Чойнамоз, китобхои дини, тасбеххои гуногун мефурушанд.

МАККА

Санаи бунёди Макка маълум нест. Аввал дар атрофи чохи Замзам махалли ахолинишин пайдо шудааст. Макка нахустин бор дар асархои Птоломей (Батлимус) бо номи Макораба дучор мешавад. То пайдоиши дини ислом (асри 7) дар тичорати байни мамлакатхои Шарк ва бахри Миёназамин роли мухим бозид. Маркази динии мачусиёни нимчазираи, Арабистон буд. Аз асри 7 шахри мукаддас ва эиёратгохи мусулмонон.

Макка дар тасарруфи Фотимиён, Айюбиён, Мамлукхо ва аз соли 1517 тобеи империяи Туркхои усмони буд. Аз соли 1916—24 пойтахти подшохии Хичоз. Соли 1924 кушунхои Ибни Сауд Маккаро забт карданд ва соли 1932 ба Арабистони Сауди хамрох карда шуд. Хокимият дар Макка зери тасарруфи рухониён буда, сардори шахрро Шариф меноманд. Дар маркази Макка Каъба чойгир шудааст.

МАККА ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …