Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАХСУЛНОКИИ БИОЛОГИ

МАХСУЛНОКИИ БИОЛОГИ

МАХСУЛНОКИИ БИОЛОГИ, мафхуми экологи ва умумибиологиест, ки тачдиди (аз нав баркарор карда­ни) биомассахои наботот, микроорганизмхо ва хайвоноти ба экосистема дохилшавандаро ифода мекунад; ба маънои махдудаш — тачдиди хайвоноти вахши ва набототи худруест, ки инсон истифода мебарад. Махсулнокии биологи дар хар як мавриди чудогона аз руи суръати тачдиди популяцияхои намудхои наботот ва хайвонот амри вокеъ мегардад, ки oн ба суръати муайян сурат мегирад. Ин суръат бо бузургии муайян — махсулоти яксола (ё махсулоте, ки бо дигар вохидхои вакт чен шудааст), бо вохиди масохат (барои махлукоте, ки дар хушки ва каъри об зиндаги мекунанд) ё вохиди хачм (барои организмхое, ки дар об ва даруни хок маскунанд), ифода карда мешавад.

 

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.