Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАХРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДИ

МАХРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДИ

mahrum-az-ozodiМАХРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДИ, як навъи чазои чиноятиет; чинояткор мачбуран аз чамъият чудо карда, дар чойхои махсус — хабсхонахо нигох дошта мешавад. Мувофики конуни чиноятии совети ин чазоро факат ба шахсе, ки бо хукми суд дар содир намудани чиноят гунахкор дониста шудааст, таъин кардан мумкин аст. Махрум ба муддати аз 3 мох то 10 сол мукаррар шуда, барои чиноятхои махсусан сахт (чиноятхое, ки боиси окибатхои вазнин гардидаанд ва барои рецидивпетони хавфнок) мувофики конун ба муддати то 15 сол таъин шудааст. Ба шахси ба балогат нарасида, яъне касе, ки синнаш то содир кардани чиноят ба 18 нарасидааст, мухлати Махрум аз 10 сол зиёд намешавад (моддаи 23 КЧ РСС Точикистон). Конунгузории дигар давлатхои социалисти низ чазои Махрумро мукаррар кардааст. Дар конунгузории аксар давлатхои буржуази чазои Махрум дарозмухлат буда, дар баъзе мавридхо бемухлат мебошад (мас., дар Франция бемухлат, дар ШМА Якумри).

М. Рачаббеков,

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.