Маълумоти охирин

МАХРАМ

kheshМАХРАМ (ар. — манъкардашуда, хешу табор), хешу табори аз хама наздик ва имконпазирии дидани руй байни марду зан. Мувофики шариати ислом ба зан шавхар (Махрами тан), падару модар, бародару хохар, амак, бобо, таго, падарарус ва амаку тагои шавхар Махрам хисоб меёфтанд. Одатан занон аз Махрамхои руи худро намепушиданд. Бародари калони дар сурати вафоти бародари хурди зани уро гирифта наметавонист, зеро зани бародари хурди «арус»-и бародари калони ба хисоб мерафт. Баръакс, бародари хурди ба зани бародари мархум хонадор шуда метавонист. Руи напушидани зан аз дигар хешу табори шавхар (бо ичозати шавхар ва хусуру хушдоман) низ имкон дошт. Баъди марги шавхар ё зан никох эътибори худ­ро гум мекард ва зану шавхар ба хамдигар номахрам мешуданд. Баъди вафоти зан часади уро танхо шахсони Махрам— писар, бародар, таго ва ё шахсе, ки мархум дар вакти зинда буданаш васият карда буд (Махрами гур), ба кабр гузошта метавонист. Бисьёр расму одатхое, ки вобаста ба Махрам буданд, баъди инкилоб тадричан аз байн рафтанд. Холо Махрам ба маънои хамроз. хизматгори бовафо низ ба кор бурда мешавад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …