Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАХНУРИ ДАРВОЗИ

МАХНУРИ ДАРВОЗИ

nophotoМАХНУРИ ДАРВОЗИ (соли таваллуд номаълум — вафот 1906), шоири точик. Дар нохияи Вахиё (райони пештараи Тавилдара, хозира Комсомолобод) дар оилаи марди дехкон ва шоир — Вола таваллуд ёфтааст. Тахсили ибтидоиро дар назди падараш гузарондааст. Барои идомаи тахсил ба Бухоро рафтах мадрасаро хатм намуд ва ба хидмати дарбори амир Абдулахад чалб шуд. Пас аз чанде ба зодгохаш баргашт. Ашъори Махнури Дарвози дар баёзхои асри 19 ва аввали асри 20 дарч ёфтаанд. Мас., дар баёзи № 819 захираи дастнависхои шаркии АФ РСС Точикистон 327 байти у чой гирифтааст. Мухтарам дар тазкирааш менависад, ки Махнури Дарвози «Девони шеъри бар сафхаи рузгор ёдгор гузорид». Вале девони у то хол дастрас нагардидааст. Махнури Дарвози дар мавзуъхои анъанавии адабиёти пешазинкилобии точик, инчунин доир ба ахволу зиндагии худ, шикоят аз нобаробарихои замона асархо офарида­аст.

Л. Хабибов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …