Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАХМУДИ ТОРОБИ

МАХМУДИ ТОРОБИ

nophotoМАХМУДИ ТОРОБИ (соли таваллуд номаълум, дехаи Тороби ш. Бу­хоро — вафот 1238, наздикии ш. Кар­тина), рохбари шуриши халкии зидди феодалони мугул ва махалли дар Осиёи Миёна 1238). Махмуди Тороби аз оилаи хунарманд буда, галберсози мекард. Аз номи зодгохаш уро Тороби номидаанд. Махмуди Тороби аз хохараш касби табибиро низ омухта бисёр одамонро табобат намудааст ва дар байни мардум обрую эътибори зиёде пайдо кардааст. У дар Тороб ва гирду атрофи он бо хашму газаб баромад карда, халкро ба муборизаи зидди метилоги ром ва тарафдорони онхо даъват мекард. Хукуматдорони Бухоро аз путтхои Махмуди Тороби тарсида, борхо ба куштани у кушиш кардаанд. Вале Махмуди Тороби хар дафъа аз ниятхои гаразноки душманонаш пай бурда, чон ба саломат мебурд. Нихоят бо сардории у бар зидди зулму истибдоди истилогарони мугул ва феодалони махалли шуриши халк cap зад, ки он дар таърих бо номи Шуриши Махмуди Тороби машхур аст.

Муаррихони асрхои миёна, ки асархои худро аз нуктаи назари намояндагони синфхои доро таълиф мекарданд, ин шуриш ва алалхусус шахсияти худи Махмуди Торобиро бо кинаву адоват ба калам додаанд. Мас., Чунин навиштааст, ки Махмуди Тороби худ ода­ми девонатабиат буда, ба вай факат одамони пастфитрат пайрави мекар­данд. Вале дар асл Махмуди Тороби муборизи собиткадам ва сохибтадбири рохи озодии ахли мехнат буд. Аз ин чост, ки Махмуди Тороби дар таърихи халки точик ва диг. халкхои Осиёи Миёна мако­ми барчаста дорад. Ниг. Шуриши Махмуди Тороби.

Ад.: Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1972; Бартольд В. В., Соч., т. 1, М., 1963.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …