Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МАХМУДИ ГАЗНАВИ

МАХМУДИ ГАЗНАВИ

gaznaviМАХМУДИ ГАЗНАВИ Абулкосим (такрибан 969/71—1030), султон аз сулолаи Газнавиён (998— 1030). Махмуди Газнави сиёсати чангчуёна бур­да, худуди давлати худро хеле васеъ кард. Соли 999 Хуросонро забт карда, ба сархади давлати Карохониёни Осиёи Миёна наздик шуд. Соли 1008 дар наздикии Балх Карохониёнро шикаст дода, заминхои болооби хар ду сохили Аму, аз чумла вил. Хуталонро зери даст кард. Махмуди Газнави соли 1002 Систонро забт карда, с-хои 1010—11 бо душвории зиёд вилояти кухии то ин вакт мустакили Гуp (болооби д. Херируди Афгонистон)- ро ба худ тобеъ намуд. Махмуди Газнави барои ба зери хокимияти Газнавиён даровардани вил-хои гарбии Эрон бо давлати оли Буж чангида, Рай ва Исфахонро забт кард. Соли 1017 ба Хоразм лашкар кашид, Хуталон, Кабодиён, Чагониён ва диг. вилояту давлатхоро боз ба худ тобеъ намуд. Махмуди Газнави солхои 1000—27 ба Хиндустони Шимоли 17 юриш карда, онро горат ва садхо хазор одамонро асир гирифт. Чангхои горатгаронаи Махмуди Газнави зери байраки ислом бурда мешуд. Иктидори харбии Махмуди Газнавиpo дастахои гуломони турк ва «гозиёни» ислом ташкил мекарданд. Махмуди Газнави дар таърих хамчун подшохи золим ва торочгар машхур аст. Дар ахди у давлати Газнавиён ба авчи таракки расида бошад хам, мамлакат хароб ва халк кашшок гашт. Махмуди Газнави хамагуна зухуроти норозигии мехнаткашонро пахш карда, ба мукобили бидъатхо: Карматихо, исмоилихо, шиахо ва диг. мубориза бурд. Сиёсати,.Махмуди Газнави ба манфиати табакахои болоии чамъият буд. У пойтахти давлати худ — Газнаро ба яке аз шахрхои зебо ва калон табдил дод. Махмуди Газнави дар дарбори худ олимон ва шоирони зиёдеро чамъ намуда, худро парастори илму адаб вонамуд мекард. Дар асл у илму адабро барои мустахкам на­мудани асосхои идеологии давлати динию феодалии худ истифода мебурд.

Ад.: Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1072.

К Бобоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …