Маълумоти охирин

МАХФИЛИ АДАБИ

МАХФИЛИ АДАБИ, анчумани эчодии адибони хамфикру хамрухия. Дар таърихи адабиёти точик Махфили аадаби бештар дар дарбори шохону хокимон ташкил меёфт. Дар ин чамъомадхои адаби аксари шоирон касидасарои мекарданд. Аммо берун аз дарбор хам махфилхои адаби вучуд доштанд. Назар ба маълумотхо дар хонахои Абдуррахмони Чоми, Алишерн Навои, дар асри 19 ва аввали асри 20 дар хонахои Ахмади Дониш ва Садри Зиё низ махфилхои адаби будаанд. Мирзо Азими Соми дар «Миръот-ул-хаёл» ном асари насрии худ аз вучуди Махфили адаби мадрасаи Говкушон бо сарварии шоир ва олими точик Саъдуддини Мохир хабар медихад, ки дар он чо адибони чавон илмхои аруз ва кофияро меомухтанд. Пайдоиши Махфили адаби дар Европа ба «асри тиллои»-и маданияти Рим (асри 1 то м.) тааллук дорад. Дар таърихи адабиёти рус ташкили Махфили адаби дар асри 18 огоз ёфт. Аввалин шахсоне, ки Махфили адаби ташкил карданд, А. П. Сума­роков ва М. М. Херасков буданд. Баъд аз Рев. Октябрь Махфили адаби дар назди ташкилоти Пролеткульт, фабрикаву заводхо, редакцияхои журналу газетахо ва мактабхои оли баргузор мешуданд, ки ба тараккиёти адаби­ёти совети кумаки калон расонданд.

З. Хасанова

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …