Маълумоти охирин
Главная / Биология / МАГНОЛИЯ

МАГНОЛИЯ

magnoliaМАГНОЛИЯ (Magnolia grandifloга), дарахти хамешасабзест аз оилац Magnoliaceae. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти чилодор (дарозиаш 12—25 см, бараш 4—12 см), гули сап-сафеди калони хушбуй (диаметраш 10—22 см), баргмеваи чалгузашакл (дарозиаш то 12 см» бараш то в см), тухми лубиёшакл (дар хар як мевабарга 1— 2-той, вазни 1000-тоаш кариб 165 г) дорад. Магнолия аз набототи Америкаи Шимоли аст. Дар СССР (Гурчистон, Озарбойчон, Крим, кишвари Краснодар ва Осиёи Миёна, аз он чумла дар РСС Точикистон) чун дарахти ороиши мепарваранд. Дарахти намиталаб ва сармобардор; дар шароити республика аз хунукии 17—18° С зарар намебинад. Аз май то сентябр гул мекунад.

Шохчаи гулдори магнолия.

Магнолия яке аз бехтарин дарахтони ороиши аст. Дар амалияи тибби муосир аз барги он киёми гализ тайёр мекунанд, ки чун доруи гипотензиси истифода мешавад. Барги Магнолия то 0,59% равгани эфир, гликозидхо (0,24%) ва г. дорад.

Ад.: Атлас лекарственных растений СССР, М., 1962; Исмаилов М. И., Вечнозеленые лиственные породы, дар кит.: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д., 1965.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …