Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА

МАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА

magnitudai-zilzilaМАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА (лот. magnitudo — бузурги аз magnus — калон), бузургии шартиест, ки энергияи умумии лаппишхои чандири хангоми зилзила ё таркиш бавучудояндаро тавсиф медихад. Магнитудаи зилзила ба логарифми энергияи лаппиш мутаносиб аст. Одатан бо бузургии калонтарини нисбати амплитуда бар даври лаппишхое, ки сейсмограф сабт мекунад, муайян карда мешавад. Магнитудаи зилзила аз руи энергия мукоиса намудани манозъхои лаппишро имконпазир мегардонад. Агар Магнитудаи зилзила як вохид афзояд энергияи лаппиш 100 маротиба меафзояд. Магнитудаи зилзилаи пуркувваттарини зилзилахо аз 9 беш нест (такрибан ба 10 Ч ё 102в эрг мувофик меояд). Вобаста ба ларзишхо ва харобихое, ки зилзила дар сатхи Замин ба амал меорад, кувваи зилзиларо бо баллхо чен мекунанд ва он дар баробари Магнитудаи зилзила ба умки манбаи зилзила ва шароити геологии минтакаи эпицентри алокаманд аст. Дар мавриди на он кадар чукур будани манбаи зилзила дар эпицентр (хангоми такрибан 5 будани Магнитудаи зилзила) харобихо ба амал меоянд, вале хангоми дар чукурии садхо набудани манбаъ (хангоми ба 7 баробар будани Магнитудаи зилзила) харобихо такрибан руй намедиханд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.