Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МАГНИТОГОРСК

МАГНИТОГОРСК

magnitagorskМАГНИТОГОРСК, шахр дар вилояти Челябински РСФСР. Дар доманаи к. Магнитная, дар нишебии шаркии Урали Чануби, дар хар ду сохили д. Урал вокеъ аст. Яке аз марказхои калонтарини саноати металлургии СССР. Ахолиаш 406 хазор нафар (1979). Корхонахои калонтарини саноатиаш: комбинати металлурги, заводхои металлургии маснуоти металли, калибронии прокат, крансози, таъмири тачхизоти кону металлурги. Саноати масолехи бинокори, сабук ва хуроквори (фабрикахои дузандаги, пойафзол, заводи шир, комбинати гушт ва г.) низ таракки кардааст. Шахрро газопроводи Осиёи Миёна — Урал аз газ таъмин мекунад. Дар Магнитногорск Бинохои 4—5-ошьёнаи нетнкомати, хонаи советхо, зали концерти, Касри металлургхо ва стадион сохта шудаанд. Магнитногорск институтхои кухкорию металлурги, педагоги, 8 мактаби миёнаи махсус, театрхои драма ва лухтак, музеи кишваршиноси дорад.

Магнитногорск солхои 1929—31 ба муносибати cap шудани сохтмони комбинати металлургии Магнитогорск буньёд ёфтааст. Шахр бо ордени Байраки Сурхи Мехнат (1971) ва ордени Ленин (1979) мукофотонида шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …