Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНЕТИЗМ

МАГНЕТИЗМ

magnetizmМАГНЕТИЗМ (аз юн. magnelis —магнит), мачмуи ходисахое, ки дар масштабхои макроскопи хамчун таъсири мутакобили байни чараёнхои электри, байни чараёнхову магнитхо (чисмхое, ки моменти магнити доранд) ва байки магнитхо зохир мешаванд. Ин таъсири мутакобил ба воситаи майдони магнити ба амал меояд. Хамаи моддахо то дарачае ба хосиятхои магнити сохибанд (ниг. Магнетик), зеро электрон, протон ва нейтронхое, ки атомхо аз онхо таркиб ёфтаанд, моменти магнити доранд. Вобаста ба табиати хомилони Магматизм ва характери таъсири мутакобили онхо, Магматизми заррахои таъсири мутакобилашон суст (диамагнетизм ва парамагнетизм) ва Магматизми моддахои дорои тартиби маггогиш атоми (ферромагнетизм, антиферромагнетизм ва ферромагнетизм) -ро фарк мекунанд. Хосиятхои магнитии моддахо дар асоси конунхои механикаи кванти шарх дода мешаванд. Магматизм дар хамаи процессхои физикию химиявии дар модда баамалоянда зохир мешавад. Майдонхои магнити дар аксари чисмхои кайхони (ситорахо, Офтоб, як катор сайёрахои Системаи Офтоб) ва дар фазои кайхони вучуд доранд. Ин майдонхо ба харакати заррахои заряддор таъсир мекунанд ва мухимтарин ходисахои астрофизики ва геомагнити (хуручи Офтоб, туфони магнитии Замин, тагйири радиошаффофии атмосфера ва г.)-ро муайян мекунанд. Хосиятхои магнитии як катор моддахо дар электротехника ва радиотехника, асбобсози, автоматика, техникаи хисоб ва телемеханика, навигацияхои бахри ва кайхони, усулхои геофизикии инкишофи сарватхои зеризамини, барои назорати сифати маснуоти металли (дефектоскоггияи магнити) истифода мешаванд. Омухтани хосиятхои магнитии моддахо таодики структураи чисмхои гуногун ва механизми процессхои дар онхо ба амалояндаро имконпазир мегардонад.

Ад.: Вонсовский С. В., Магнетизм, М., 1971.

Ш. Шокиров.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …