Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНЕТИЗМИ ЗАМИН

МАГНЕТИЗМИ ЗАМИН

magnitizmi-zaminМАГНЕТИЗМИ ЗАМИН, геомагнетизм, майдони магнитии Замин ва фазои наздизаминии Кайхон; фасли геофизика, ки таксимоти майдони геомагнитиро дар фазо ва тагйирёбии онро вобаста ба вакт, инчунин процессхои геофизикии дар Замин ва кабатхои болои атмосфера бавучудояндаро ки бо майдони геомагнити алокаманданд, меомузад. Майдони геомагнитиро дар хар нуктаи фазо бо вектора шиддатноки Т тавсиф медиханд, ки бузурги ва самти он бо 3 ташкилдихандахояш X, У, Z (шимоли, шарки ва амуди) дар системаи координатахои росткунча ё бо 3 элементи Магнетизми замин ташкилдихандаи уфукии шиддатноки Н, майли магнити D (кунчи байни Н ва хамвории меридиани географи) ва тамоили магнити / (кунчи байнн Т ва хамвории уфук) муайян карда мешаванд (расми 1). Элементхои Магнетизми замин бо ёрии комплекси магнити, теодолити магнити магнитометрхои гуногун, тарозуи магнити, вариометри магнити ва г, чен карда мешаванд. Гайр аз ин, барои дар бахр ва дар хаво чен кардани Магнетизми замин кишти, самолёт ва вертолётхо бо асбобхои махсус чихозонда мешаванд.

Магнетизми замин дар натичаи таъсироти манбаъхои доимие, ки андаруни Замин чойгиранду факат ба тагйироти сусти асри (вариацияхо) дучоранд ва манбаъхои беруна (тагйирёбанда), ки дар магнитосфераи Замин ва ионосфера чойгиранд, ба амал меояд. Вобаста ба хамин майдони геомагнитии доими (асоси, 99%) ва майдони геомагнитии тагйирёбанда (1%)-ро фарк мекунанд.

Майдони геомагнитии доими ба сохти дохилии Замин ва таъсири чараёнхои гирдбодшакли каъри он алокаманд аст ва дар нуктахои гуногуни сатхи Замин хар хел мебошад. Майдони магнитии Замин кутбхои магнитие дорад, ки бо кутбхои географи мувофик намеоянд ва мавкеи онхо бо мурури замон тагйир ёфта меистад. Барои омухтани майдони магнитии доими ва таксимоти он дар фазо киматхои дар чойхои гуногун ченкардашудаи Н, D, I-ро ба харита дохил мекунанд (харитахои магнити тартиб медиханд) ва нуктахои ба киматхои якхелаи элементхои Магнитизми Замин мувофикояндаро бо хатхо менайванданд (ниг. Изохатхо). Дар натича, хати майлхои якхела (изогонахо), хати тамоюлхои якхела (изоклинхо) ва хати ташкилдихандахои уфукии якхела (изодизамахо) ва г. хосил мешавад (расми 2). Азбаски элементхои Магнитизми Замин ба дарачаи намоён тагйир ёфта меистанд, хар замон аник кардани харитахои магнити лозим меояд.

Тамоюли шиддатнокию характери таксимоти элементхои Магнитизми Замин аз кимати миёна (нормали)-и майдон барои мавзеи муайян аномалияхои магнити номида мешаванд. Вобаста ба интенсивият ва бузуртии масохати дарбаргиранда аномалияхои чахони (ки ба манбаъхои умкии зонахои Замин алокаманд мебошанд, мас., аномалияи Сибири Шарки, аномалияи Бразилия ва г.), регионали ва локали мавчуданд. Аномалияхои регионали ва локалиро дар кишри Замин номунтазам таксим шудани чинсхои кухии аз элементхои феррамагнити бой муайян мекунад ва ин аномалияхо ба сохти геологи ва структураи тектоникии махал алокаманд мебошанд, ки ин асоси методхои магнитометрии инкишофи сарватхои зеризамини мегардад.

Майдони геомаглитии тагйирёбандаро чараёнхои электрии гирдбодшакл дар кабатхои болои атмосфера — ионосфера ба вучуд меоранд. Он аз вариацияхои даври ва гайридаври иборат аст. Вариацияхои даври ба мавкеи Замин нисбат ба Офтоб алокаманд буда, аз руи конунияти муайян дар давоми шаборуз, сол аз даври хуручи Офтоб ошкор карда мешаванд. Вариацияхои гайридаври (мас., туфони магнити) дар натичаи ба Замин наздик шудани сели заррахои зарядноке, ки аз сохахои фаъоли Офтоб берун партофта шудаанд, ба амал меоянд. Тадкикотхои геомагнитиро бо ёрии магнитометра, стансияхои магнити, расадхонахои геофизики, юпптихои махсус, стансихои шиновар, самолётхо, радифони маснуъ ва г. мегузаронанд. Омухтани Магнитизми Замин барои хал кардани мухимтарин масъалахо, аз чумла тадкики процессхои тектоникие, ки дар кабатхои чукури Замин ба вучуд меоянд, чустучуи сарватхои зеризамини, мушохидаи пахншавии радиомавчхо дар фазо ва г. ахамияти калон дорад.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …