Маълумоти охирин

МАГМА

magmaМАГМА (юн. magma — хамира), моддаи гудохтаи таркибаш асосан силикати, ки дар каъри замин хосил мешавад. Таркибаш асосан аз оксиген, Si, Al, Fe, Ms, Са, Na ва К иборат. Баъзан Магма то якчанд фоиз компонентхои бухоршаванда, асосан об, камтар оксидхои карбон, гидрогенсулфид, гидроген, фтор, хлор ва г. дорад. Харорати Магма 900—1100° С, баъзан 700—1350° С. Аксари тадкикотчиён чунин мешуморанд, ки дар табакахои поёнии кишри Замин ё мантияи болоии он (дар чукурихои такрибан 50—700 км) дар натичаи кохиши элементхои радиоактиви ва харакатхои тектоники харорат баланд шуда, моддахои сахт ба холати моеъ, яъне ба Магма табдил меёбанд. Магма хангоми аз каър ба кабатхои болоии литосфера харакат карданаш ба кисмхои гуногунтаркиб таксим шуда, моддахои бухоршавандаи худро гум мекунад. Баъди хунук шуда кристалл бастани Магма дар кишри Замин чинсхои интрузиви, пас аз таркишхоро пур кардани он чинсхои раги ва хамчун лава ба руи замин рехта хунук шудани Магма чинсхои эффузией (вулкони) хосил мешаванд. Таркиб ва хусусияти Магмаро бо рохи омухтани чинсхои кухии магмави муайян кардан мумкин аст. Аз руи таркиби химияви Магма ба якчанд типхои асоси ва гуруххо таксим мешавад: 1) Магмаи ултраасоси, ба микдори зиёд Fe, Mg ва хеле кам Si03 дорад, аз он чинсхои перидотит, дунит хосил мешавад; 2) Магмаи асоси ё базалти ва чинсхояш базалт, габбро, норит; 3) Магмаи турш ё гранити ва чинсхои он гранит, гранодиорит, липарит; 4) Магмаи ишкори, чинсхояш сионит ва сиенитхои нефелиндор. Магмахои ултраасоси ва асоси дар кабатхои болоии мантия ва Магмаи гранити дар каъри кишри Замин ба вучуд меоянд. Як гурух олимон (Н. А. Боуэн, А. Н. Заяарнцкий ва дигар) мавчудияти ягона нахустмагмаи базалтиро эътироф карда, чунин мешуморанд, ки аз он бо рохи дифференциация ё ассимиляция тамоми типхои бокмондаи Магма ба вучуд меоянд. Ба акидаи Ф. К). Левинсон-Лессинг ва дигар тамоми чинсхои магмави аз ду нахустмагма — асоси (базалти) ва турш (гранити) хосил шудаанд, ки пайдоиши онхо дар мантияи белои ва табакахои гуногуни кишри Замин ба амал омадааст. Пайдоиши бисьёр конхои сарватхои зеризамини бо Магма алокаманд аст. Хангоми дифференциация ва кристаллбандии Магма конхои гуногуни магмави ва аз хисоби компонентхои бухоршавандаи он конхои гидротермали, грейзени, скарни ва г. пайдо мешаванд. Ниг. низ Конхои магмави.

Ад.: Заварицкий А. Н, Изверженные горные породы, М., 1961; Магма малоглубинных камер, М., 1070; Проблемы магмы и генезиса изверженных горных пород, М., 1963.

У. Олимов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.