Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГМАТИЗМ

МАГМАТИЗМ

magmatizmМАГМАТИЗМ, процессхое, ки гудозиш ва вусъату харакат, чойивазкуни, омезиш, таъсири мутакобила бо чинсхои сахт ва шахшавии магмаро дар бар мегиранд. Магматизм яке аз мухимтарин зухуроти активияти каъри Замин буда, бо инкишоф, тагйироти харорат ва эволюцияи тектоникии он бевосита алокаманд аст. Баробари дигаргун шудани хусусияти харакати тектоники хелхои Магматизм хам тагйир меёбад ва дар баъзе структурахои Замин Магматизми ба худ хос мушохида карда мешавад (мас., дар нохияхои геосинклинали платформа ва укёнусхо). Магматизм вобаста ба чукурии зухурёбиаш абиссали, гинабиссали, субвулкони ва вулкони мешавад. Баъзе мутахассисон чунин мешуморанд, ки Магматизм махсусан дар давраи геосинклиналии нохияхои чиндор босуръат руй медихад ва шаклхои алохидаи зухуроти он бо мархилахои муайяни инкишофи геосинклинал алокаманданд. Дар давраи хозираи геологи Магматизм хусусан дар минтакаи геосинклиналии укёнуси Ором, каторкуххои зериобии укёнусхо, зонахои рифтии Африка, бахри Миёназамин ва г. вусъат ёфтааст. Бо процессхои Магматизм пайдоиши конхои гуногуни capватхои зеризамини вобастаанд. Ниг. низ чинсхои кухии магмави.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.