Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МАГЕЛЛАН

МАГЕЛЛАН

magellanМАГЕЛЛАН, Магальяйнш Фернан (такрибан 1480, нохияи Тразуж-Монтиш, Португалия — 27. 4. 1521, чазираи Мактан, Филиппин), бахрнавард. Солхои 1505—12 дар экспедицияхои Португалия иштирок карда, ду маротиба (1509,1511) то нимчазираи Малакка рафта омадааст. Солхои I 1519—21 барои ба чазирахои Молукка аз тарафи Гарб рох ёфтан ба экспедицияи Испания, ки аз 5 кишти ва 265 кас иборат буд, рохбари намуд. Экспедиция 20 сентябри 1519 ба сафар баромада, январи 1520 ба халичи Ла-Плата омад. Аз он чо ба Чануб баргашта, августи 1520 бо чор кишти аз гулугохе гузашт, ки он сонитар номи Магеллан гирифт. Иштирокчиёни экспедиция ноябри хамон сол ба укёнусе баромада онро укёнуси Ором номиданд. Магдебург сафарашро давом дода, марти 1521 се чазираро аз гурухи чазирахои Мариан кашф намуд ва баъдтар ба чазираи Филиппин расид. Дар яке аз задухурдхо бо сокинони Филиппин Магдебург халок гардид. Аз ин экспедиция танхо киштии «Виктория» бо рохбарии X. С. Элькано бори аввал саёхати гирдичахониро анчом дода, соли 1522 ба Испания баргашт. Ба туфайли экспедицияхои Магдебург курашаклии Замин ва мавчудияти укёнуси ягонаи Олам амалан исбот гардиданд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …