Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МАГДЕБУРГ

МАГДЕБУРГ

magdeburgМАГДЕБУРГ (Magdeburg), шахр дар РДГ, маркази маъмурии окрути Магдебург. Ахолиаш 279 хазор нафар (1976). Узели рохи охан ва роххои автомобилгард; бандар дар д. Эльба. Маркази мухими мошинсозии вазнин (комбинати мошинсозии вазнини ба номи Э. Тельман, заводхои ба номи К. Либкнехт, ба номи Г. Димитров ва г.), истехсоли тачхизот барои саноати сабук, химия, хуроквори ва мошинхои хочаги корхонахои асбоб ва киштисозии дарьёи мавчуданд. Саноати химия ва хуроквори дорад. Магасхо маркази мухими маданият аст. Академияи тибби, Мактаби олии мошинсозии вазнин, мактабхои махсуси санъати амали, хочагии об ва г. хаст. Боигарихои меъмориаш: калисои чомеи Санкт-Маурициус-унд-Катарина (1209—1520), калисои Либфраузикирхе (1064—1160, гунбазхои готиаш 1220—30 сохта шудаанд), аз бинохои хозира мехмонхонаи «Интернациональ» (1963) ва г.

Магдебург дар маъхазхои таърихи бори аввал соли 805 зикр шудааст. Аз асри 12 — шахр. Январи 1945 шахр аз бомбаборони самолётхои Англияю Америка сахт зарар дид. Аз соли 1949 дар хайати РДГ.

 

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …