Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРИ

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРИ

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРИ, ёдгории меъмории асри 17 дар Регистони Самарканд (Узбекистон), ки солхои 1647—59 сохта шудааст. Намои асосии Мадрасаи тиллокори, ки дар тарафи чануби Регистон аст, бо пештоки равоктокдор, гулдаста до ва пешайвонхои равокбандии дукабатааш мадрасахои анъанавии Бухороро ба хотир меоварад. Дар кафои намои асоси хучрахои дуошьёна ва дар каноти гарбии хавли хучрахои пешайвондори равокбанди чой доранд.

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРИ

Дар мобайни катори хучрахои ин тараф толори гунбазпуши пештокдор комат оростааст. Дар тарафи шаркии хавли низ хучрахо хастанд. Намои асоси, инчунин тамоми деворхои адрасаи тиллокори. бо порчахои кошки хело майда рукаш шуда, ба накшхои ироки монанданд. Дар онхо бештар рангхои зард ва сабзи баланд истифода шудаанд. Даруни ин иморат (махсусан масчид) саросар бо усули наккошии кундал (зархалкори) оро дода шудааст ва аз ин чост, ки он «тиллокори» ном гирифтааст. Ин накшунигор шохкори санъати наккоши ва ороиши амалист. Якчоя бо Мадрасаи Улугбек ва мадрасаи Шердор ансамбли Регистонро ташкил додааст. Ёдгори дар мухофизати давлат мебошад.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Ад.: Пугаченкова Г. А., Самарканд, Бухара. М., 1961. У. Пулодов

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …