Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ МИРРАЧАБ ДОДХОХ

МАДРАСАИ МИРРАЧАБ ДОДХОХ

МАДРАСАИ МИРРАЧАБ ДОДХОХ, ёбдгории меъмории асри 17 дар мавзеи Чуи Лабичар (Конибодом). Сохтмонаш солхои 1659—60 анчом ёфтааст. Ёдгори дар баробари хусусиятхои умуми доштан, чихатхои хоси мактаби меъмории махаллиро низ тачассум намудааст. Аз хишти пухта, дар чои бархаво бино ефта, намои шимолиаш ру ба чониби рохи калони шахр аст. Ин наморо пештоки баланд ва гулдастахои кафасадор оро додаанд.

МАДРАСАИ МИРРАЧАБ ДОДХОХ

Асоси ёдгориро ду толори гуногунхачми байнашон дахлездор ташкил мекунанд. Ин дахлези калон дар марказ, дар паси пешток чойгир буда, як долони васеаш ба хавли ва ду долони хурди дигараш ба толорхо мебарад. Як толор хамчун намозгох ва дигараш ба сифати дарсхона истифода мешуд. Намозгох бо гунбази кафасадор пушида шуда, шарафахои гайриоддиаш чолибанд. Дарсхона нисбатан калонтар буда, ,13 хисоби токхо васеъ гардонда шудааст. Гунбази он дар болои устувонаи хашттарки на он кадар баланд вокеъ гаштааст.

Атрофи хавлиро хучрахои гунбазпуши муаллакадори андозашон 4,65X3,20 м ишгол кардаанд. Дар маркази тарафи гарбии хавли айвон (намозгохи тобистона)-и дахсутунаи мухташам бино ёфтааст. Мувофики санаи дар он сабтшуда айвонро соли 1335 хичри (1016—17 м.) Мухаммадшукури Наччор сохтааст. Ин усули дар байни хучрахо чой додани айвон, инчунин ба як композиции тобеъ кунондани се бинои номутавози (ду толор ва дахлез) дар ягон амалияи меъмори вонамехурад. Мадрасаи Миррачаб Додхох аз намунахои нодири мадрасахои Точикистон мебошад. Ёдгори дар мухофизати давлат аст.

А, Мирбобоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …