Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ КУХНА

МАДРАСАИ КУХНА

МАДРАСАИ КУХНА, ёдгории меъмории асри 18 ва аввали асри 19 дар нохияи Хисор. Дар самти чануби Калъаи Хисор аз хишти пухта бино ёфтааст. Хавлии васеъ ва чоркунчаи онро хучрахои катор ихота кардаанд. Хучрахо бо гунбазхои «балхи» пушида шудаанд. Даромадгохи онхо одди ва токшакланд. Дар се кунчи хавли равоктокхои панчкира бино ёфтаанд; хар кадоми онхо рахраве доранд, ки ба се хонаи асосии ёдгори мебаранд.

МАДРАСАИ КУХНА
Сурати “МАДРАСАИ КУХНА”

Намои иморат пешток ва дар ду пахлуяш зина дорад. Ба воситаи ин зинахо ба бом мебаромаданд. Дар бандубасти намои Мадраса ба меъмории анъанави риоя карда нашудааст; пештоки калонаш ба девори атроф номувофик афтода, гулдастахои хар ду гушаи Мадраса бе накшунигор аст. Каноти рости иморатро масчиди пешайвондор ва каноти чапашро чор хонаи андозаашон гуногун ишгол кардаанд. Ин Мадраса дарсхона надорад ва ороиш дода нашудааст. Мадрасаи Кухна дар мухофизати давлат мебошад. Муаллифи матн: А. Мирбобоев.

ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …