Маълумоти охирин

МАДОРИ

МАДОРИ чирми осмони, масири чирми осмони дар фазои Кайхон. Шакли Мадории чирми осмони ва суръати харакати он бо кувваи чозиба, ничунин бо кувваи фитори рушнои, куллахои электромагнити, муковимати мухит, ки дар он харакат ба амал меояд, куввахои мадду чазр, куввахои реактиви (дар мавриди харакати ядрои кометахо) ва г. муайян мешаванд. Барои харакати сайёрахо, кометахо ва радифхои сайёрахо, инчунин харакати Офтобу ситорахо дар Галактика кувваи чозибаи чахони роли халкунанда мебозад. Дар китъахои фаъоли мадори объектхои маснуи кайхони дар баробари куввахои чозиба кувваи реактивии мухаррики аппарати париш ахамияти халкунанда дорад. Тамоюли мадор дар фазо, андоза ва шакли он, инчунин мавкеи чирми осмони дар мадор бо бузурги (параметрхое) муайян карда мешавад, ки элементхои мадор ном доранд. Элементхои мадори сайёра, комета ва радифхои масвуъро аз руи мушохидахои астрономи дар се зина муайян мекунанд: 1) элементхои ба ном мадори мукаддамоти бидуни ошуби чирмхои осмони хисоб карда мешаванд, яъне масъалаи дучирм хал хохад шуд.

Ба ин максад аксар аз натичахои се мушохидаи чирми осмони (координатахои се нуктаи сфераи осмони), ки дар муддати чанд руз ё чанд хафта ба даст омадааст, истифода мебаранд; 2) киматхои сахехи Мадори мукаддамоти аз руи натичахои як катор мушохидахои бардавом муайян карда мешаванд; 3) кимати мадори охирин хисоб карда мешавад, ки он бо натичахои хамаи мушохидахо мувофик меояд.

Дар зинаи якум мадор чун буриши конусхо (эллипс, баъзан парабола ё гипербола) муайян карда мешавад, ки дар фокусаш чирми маркази вокеъ аст. Ин гуна мадорхоро мадорхои ором ё кеплери меноманд, зеро чирмхои осмони мувофики конунхои Кеплер харакат мекунанд. Шаш элементе, ки мадори ороми гелиоцентрии чирми осмонии Р-ро (расм) муайян мекунанд, инхоянд:

1) Тамоюли мадор нисбат ба хамвории эклиптика <(0 < i < 180°).

2) Тули гирехи мадор Я (0 < < (| < 360°) — тули гелиоцентрии нуктаест, ки дар он сайёра хангоми аз Нимкураи шимоли ба Нимкураи чануби гузаштанаш эклиптикаро мебурад (гирехи фарози мадор). 3) Нимтири калони мадор а. Баъзан ба ивази а чун элементи мадор кимати миёнаи харакати шаборузии чирм (камоне, ки чирм дар як шаборуз аз руи мадор мегузарад) кабул карда мешавад. 4) Эксцентриентети мадор е. Агар  нимтири хурди мадор бошад, е = = Уа2—62/а аст. Баъзан ба чои эксцентриситет кунчи он ф-ро кабул мекунанд, ки бо е чунин вобастата дорад: sin q> = е. 5) Масофаи перигелий аз гирех (ё аз аргументи перигелий) <о — кунчи байни гирехи фарози мадор ва самт ба перигелии мадор. 6) 3амон, яъне санае, ки сайёра дар нуктаи муайяни мадор чойгир аст (мас., лахзаи t, ки сайёра аз перигелий мегузарад). Мавкеи сайёра дар мадор бо аргументи арзи (0 < и < 360° дар самти харакати сайёра) ё аномалияи хакикй и (масофаи кунчии сайёра аз перигелий) муайян карда мешавад. Мадорхои кометахо, Мох, радифхои сайёрахо ва г. низ бо чунин элементхо муайян карда мешаванд.

Усулхои классикии механикаи осмони барои хисоб кардани мадори радифхои маснуи Замин низ бо муваффакият истифода мешаванд.

Ад.: Эскобал П. Р., Методы определения орбит, пер. сангл., М., 1970.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.