Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ТАГАР

МАДАНИЯТИ ТАГАР

МАДАНИЯТИ ТАГАР, маданияти археологие, ки солхои 7—3 то м. дар пастхамии Минусинск, pайони Красноярск ва кисми шаркии вилояти Кемерово пахн гардида буд. Аз чазираи Тагари дарёи Енисей ном гирифтааст. Ба Маданияти Тагар ярокхои навъи скифи, афзори асп, дегу оинахои биринчи, тасвири мучассамахои хайвонот хос аст. Олот ва ярокхо (ханчар, пайкон, лачом ва г.) аз бирничи сохта шудаанд. Нохияхои Маданияти Тагар яке аз калонтарин марказхои истехсол ва коркарди биринчи дар Евросиё мебошад. Истехсоли охан танхо дар асри 3 то м. cap шуд.

Ёдгорихои Маданияти Тагар пуштахое мебошанд, ки бо тахтасангхо ихота ва дар кунчхои таворахо сангхо рост гузошта шудаанд. Инчунин бошишгох, конхои мис ва тасвирхои руи санг низ маълуманд. Асоси хочаги дехкони ва чорводори буд. Ба чамоаи ахолии Маданияти Тагар пайдоиши муносибатхои синфи хос аст, ки дар ин бора пуштахои калон, кабрхои подшохон, ашрофон ва кабрхои умумии аъзоёни оддии чамоа шаходат медиханд. Одамони Маданияти Тагар европоисурат буда, ба одамони маданияти Афанасьев, маданияти Андроново ва скифхои назди сохили бахри Сиёх наздик аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.