Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ МАРКАНСУ

МАДАНИЯТИ МАРКАНСУ

МАДАНИЯТИ МАРКАНСУ, маданияти археологии асри санг, мансуб ба давраи мезолит-неолит (хазорахои 8—5 то м.). В. А. Ранов ва В. А. Жуков солхои 1956—77 тадкик намудаанд. Дар Помири Шарки ва водии Олой пахн гардидааст. Кароргоххои Маданияти Маркансу дар Помири Шарки дар баландии аз 4200 то 3500 м аз сохили бахр вокеанд ва дар чахон аз кароргоххои баландтарини асри санг ба хисоб мераванд. Дар ин чо зиёда аз 50 кароргохи маданияти Маркансу ва бозёфтхои олоти санги кашф карда шуд. Аз онхо кароргохи бисьёркабатаи Ошхона, гори «Истик» дар дарёи Сулистик иборат аз чор кабати археологи ва кароргоххои Каротумшук, Яшилкул, Чоштеппа, Карокул ва г. чолиби диккатанд. Хусусияти асосии Маданияти Майкоп иборат аз он, ки ашьёю олоти санги бо ду усул тайёр карда шудаанд. Кисми асосии олоти кароргоххои Маданияти Маркансу аз парахасангхо ва сангхои тахтачамонанди дагали дарозиашон 10 см иборат аст. Аз кабати археологии кароргоххо сангхои тахтачамонанди борики кордшакл дучор мешаванд. Белчакордхои санги бештар олоти хоси кароргоххои Маданияти Маркансу мебошанд. Тарошкордхои калон, нугтезхо, дирафшхо, пайконхои суфта низ ёфт шудаанд. Маркансуихо шикорчи буда, ба Помири Шарки танхо дар фасли тобистон меомаданд. Дар ин бора набудани икоматгоххо ва ёфт шудани танхо бокимондаи устухони хайвонхои вахши шаходат медиханд.

В. А. Ранов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.