Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАЧМАЪ-УС-САНОЕЪ»

«МАЧМАЪ-УС-САНОЕЪ»

«МАЧМАЪ-УС-САНОЕЪ» асари Cиддиккии Хусайни дар боби санъати бадеи ва накди шеър, ки соли 1650 таълиф шудааст. «Мачмаъ-ун-нафоис» аз мукаддимаи мухтасар, фаслхои «Дар таксими калом», «Дар баёни бадоеи лафзи», «Дар зикри саноеи маънави», «Дар сиркоти шеър» ва хотима иборат суда, дар он 73 санъати ба­деи, 10 навъи шеър ва 9 истилохи гуногуни адабиётшиноси шарху тафсир ёфтаанд. Дар «Мачмаъ-ун-нафоис» инчунин афкори адабию эстетикии муаллиф инъикос ёфтааст. Аз чумла, муаллиф дар асари худ созгор омадани лафзу маъни, яъне ягонагии шаклу мазмуни асари бадеиро талкин намуда, бартарияти мундаричаро дар ин вахдат изхор кардааст. Зим­ин шархи санъату истилохот у доир ба Муиззи, Хокони, Салмони Совачи, Навои ва диг. шоиру адибон хикояту ривоятхои ачибе меорад, ки барои таъини лахзахои хаёту хусусиятхои эчодиёти онхо муфиданд. Дар асар инчунин андешахои мухимми тадкикотиву тахкикоти ва назари амику муносибати дакики муаллиф доир ба адабиёти бадеи акс ёфтаанд. Аз чумла дар он «то­мили ташбехи киноят» будани «аксари ашъори Бадри Чочи», «дар ашъори Абулфарачи Казвини аксар риоя шудани санъати тарсеъ», «дар ашъори Абдулвосеи Чобали бисьёр омадани санъати тафсири хафи» ва амсоли инхо кайд шудаанд. Муносибату таваччухи муаллиф махсусан нисбат ба эчодиёти Хисрави Дехлави ва фикру мулохизахояш аз хусуси эчодиёти у шоёни дикктанд. Чоряки мисолу бурхоноти рисола аз осори Хисрави Дехлави ихтибос шудаанд. «Мачмаъ-ун-нафоис» рисолаи пурарзиши илми бедеи классикии форс- точик буда, барои тахкику омузиши мероси гузашта материали фаровоне медихад. Як нусхаи дастнависи он дар захираи дастнависхои шаркии АФ РСС Точикистон зери раками 148 махфуз аст.

А. Рахмонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …