Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАЧМАЪ-УЛ-ГАРОИБ»

«МАЧМАЪ-УЛ-ГАРОИБ»

«МАЧМАЪ-УЛ-ГАРОИБ» асари космографии олим ва сайёхи точик Султонмухаммад ибни Дарвешмухаммади Балхи, ки миёнаи а. 16 дар Балх (Афгонистон) зиндаги ва эчод кардааст. Иншои асар ба с-хои 1575—76 рост меояд. «Мачмаъ-ул-гароиб» мансуби жанри космографии «Ачоибот» буда, дар адабиёти геог­рафии форсу агози асримиёнаги шухрат дошт. Асари Балхи кариб 20 бобро дар бар гирифта, ба тасвири табиат, география, таъриху этнографияи кишвархо ва халкхои чахон бахшида шудааст. Аз чумла, олим дор бораи асрори фалак, шахсони ачиб ва хислотхои одами, олами хайвоноту наботот, куху бахрхо, дарьёву чашмахо, дашту биёбонхо, зилзилахои халокатовор, маъбаду дахма ва калъахо, тулу умк ва арзи дарьёхои чудогона, масофаи байни шахрхои машхур, оид ба санъати рухшиноси, суханхои хикматомези олимону андарзи хирадмандон, тарзи муайян кардани минералхои киматбахо ва г. маълумот медихад. Дар асар тавсифи геогра­фии шахрхои Мовароуннахр дода шудааст.

Нусхахои «М Мачмаъ-ул-гароиб» дар китобхонахои Иттифоки Совети (Ленинград, Душанбе ва Тошкент), инчунин дар Эрон, Афгонистон, Хиндустон ва Покистон мавчуданд. Алхол дар захираи дастнависхои Институти шаркшиносии АФ РСС Точикистон 10 нусхаи «Мачмаъ-ул-гароиб» махфуз аст.

Ю. Мольцеф.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …