Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАЧМАЪ-УЛ-ФУРС»

«МАЧМАЪ-УЛ-ФУРС»

«МАЧМАЪ-УЛ-ФУРС» ё «Фарханги Сугурии Ko­рии», фарханги тафсири, таълифи Сугури. Тахрири якуми «Мачмаъ-ул-фурс» солхои 1599—1600 поён ёфтааст. Дар тахри­ри дуюм (1628) муаллиф аз «Фарханги Чахонгири» истифода кардааст. «Мачмаъ-ул-фурс» аз мукаддима, 28 боб ва мулхакот иборат аст. Фарханг асосан аз калимахои форси (точики), (бештар калимахои камистеъмол ва архаизмхо) тартиб ёфтааст. Мулхакот истиорот, иборахои рехта ва идиомахоро дар бар мегирад. «Мачмаъ-ул-фурс» такр. 6 хаз. лугатро бо санадхо шарх медихад. Калимахо дар «Мачмаъ-ул-фурс» аз руи харфи якум ба бобхо, аз руи харфи дуввум ба фаслхо чудо гардида, муво­фики тартиби алифбои арабии точики чида шудаанд. Муаллиф дар мукад­дима хангоми зикр кардани маъхазхо китобро ном бурдааст, ки баъхеи онхо то замони мо нарасидаанд. «Мачмаъ-ул-фурс» барои нишон фархангхои минбаъда, хусусан дар таълифи «Бурхони котеъ» ва «Фарханги Рашиди» хамчун сарчашма хизмат кардааст. Матни «Мачмаъ-ул-фурс» дар Табрез (1844) ва Техрон (1959) ба табъ расидааст.

Д. Рауфов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …