Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МАЧЛИСИ МАШВАРАТИ ОИД БА БЕХАТАРИ ВА ХАМКОРИ ДАР ЕВРОПА

МАЧЛИСИ МАШВАРАТИ ОИД БА БЕХАТАРИ ВА ХАМКОРИ ДАР ЕВРОПА

МАЧЛИСИ МАШВАРАТИ ОИД БА БЕХАТАРИ ВА ХАМКОРИ ДАР ЕВРОПА (1975), Мачлиси машваратии умумиевропои. Мачлиси машварати бо ташаббуси СССР ва дигар мамлакатхои социа­листи даъват шудааст. Таклифи даъвати мачлис дар «Декларацияи оид ба мустахкам намудани сулх ва бехатари дар Европа», ки онро соли 1966 Комитети сиёсии консултативии Шартномаи Варшава дар Бухарест кабул кард, ифода ёфта буд. Пешравихои чиддии дар арсаи байналхалки баамаломадаро ба назар гирифта, Франция, баъдтар давлатхои дигари Гaрб низ онро дастги­ри намуданд. Дар тайёр кардан ва гузаронидани мачлиси машварати хукумати Финляндия хиссаи калон гузошт. Шартномахое, ки солхои 1970—73 СССР, РХП, РДГ, РСЧС бо РФГ бастаанд, инчунин созишномаи чор давлат оид ба Берлини Гapби барои даъват намудани мачлис омили мухиме гардид.

Баъди гуфтушунидхои зиёди дутарафаи байни иштирокчиёни ояндаи мачлис бо ташаббуси хукумати Финландия дар Хельсинки (22 ноябри 1972 — 8 июни 1973) машваратхои бисьёртарафа барпо гардиданд ва дар онхо «Тавсияномахои хотимавии консултацияхо дар Хельсин­ки» маъкул дониста шуданд. Дар тавсияномахо рузнома, шарт ва тарзи гузаронидани мачлиси машвара­ти аник карда шуд. Рузнома мухокимаи масъалахои зеринро дар бар мегирифт: 1) амнияти Европа, 2) хамкори дар сохахои икдисодиёт, илму техника ва мухити атроф, 3) хамкори дар сохахои гуногуни хаёти чамъияти, 4) чорабинихои минбаъдаи пас аз мачлиси машварати.

Даври якуми мачлиси машварати аз 3 то 7 июли 1973 дар Хельсинки бо иштироки вазирони корхои хоричии 33 давлати Европа (Алба­ния дар мачлис иштирок кардан нахост), инчунин ШМА ва Канада шуда гузашт.. Дар он «Тавсияномахои хотимавии консултацияхо дар Хельсинки» маъкул дониста шуд, оид ба амнияту хамкори дар Европа ва г. мубодилаи афкор баргузор гардид.

Даври дуюми мачлиси машварати 18 сентябри 1973—21 июли 1975 дар Же­нева гузашт ва хар вохури 3—6 мох давом кард. Дар ин давр тамоми масъалахои рузнома кор карда баромада шуданд.

Даври сеюми мачлиси машварати дар Хельсинки 30 июль—1 августи 1975 бо иштироки рохбарони сиёсию давлатии мамлакатхои иштирокчии мачлиси машварати баргузор гар­дид. Вакилони сонетиро Котиби Ге­нералии КМ КПСС Л. И. Брежнев capвapи мекард. Сардорони вакилон дар баромадхои худ ба натичахои кори мачлис бахо доданд ва оид ба вазъилти Европа изхори акида намуда, ба хуччатхои хотимавии мачлис имзо гузоштанд.

Хуччати хотимави хамаи масъалахои рузномаро дар бар мегирад. Вай хуччати ягона буда, манфиати тамоми давлатхои иштирокчии мачлиси машваратиро ифода менамояд ва хамаи масъалахое, ки аз руи онхо созиш хосил шуданд, бояд пурра амали гарданд.

Хуччати хотимави давлатхои иштирокчиро ухдадор месозад, ки карорхои мачлисро дар байни мамлакатхои иштирокчи ва тамоми Евро­па пурра амали гардонида, бо хамин процесси пастшавии шиддати вазъияти байналхалкиро харчониба таквият ва инкишоф диханд. Дар боби ба масъалаи амният дахлдори Хуччати хотимави дах принцип пешниход карда шудааст, ки онхо тарику меъёри муносибати тарафайн ва хамкории давлатхои иштирокчии Мачлисро муайян месозанд: баробархукуки, эхтироми мустакилияти мамлакатхо; ба кор набурдани кувва ё тахдид; дахлнопазирии сархадхо; бутунии территорияи давлатхо; бо рохи осоишта хал намудани масъалахои бахсталаб; дахолат накардан ба корхои дохили; эхтиро­ми хукуки инсон ва озодихои асоси, аз чумла озодии сухан, вичдон, ди­ну эътикод; баробархукуки ва хукуки худмуайянкунии халкхо; хам­кории давлатхо, софдилона ба чо овардани ухдадорихои оид ба хукуки байналхалки. Принципхои муносибатхои давлатхо бояд барои бартараф намудани эхтимоли тачовуз ва тамоми намудхои зуровари асоси боэътимод гарданд. Дар худи хамин фасл дар бораи чорабинихо оид ба амнияту ярокпартои ва г. низ хуччате хаст, ки он ба бехтаршавии муносибати давлатхо мусоидат хохад кард. Ин чорабинихо омиле буд барои паст шудани шиддати вазъият дар Европа ва пойдор намудани аминяти давлатхо.

Дар хуччат созишхое низ хастанд, ки ба хамкории иктисодии давлатхо дахл намуда, роху шаклхои асо­сии чунин хамкориро муайян мекунанд.

Хуччати хотимави ба масъалаи хамкори дар сохахои маданият, маориф, ахборот, равобити одамон ва г. низ дахл намудааст.

Мачлис ба мархалаи нави пастшавии шиддати вазъият ибтидо гузошта, дахлнопазирии сархади Европаро эътироф намуд, имконпазирии хам­кори ва хамзистии осоиштаи дав­латхои сохти чамъиятиашон гуногунро собит намуд. Паъди анчоми М. вазифаи аввалиндарачаи иштирокчиёни он ба амал татбик намуда­ни созишномахо буд. Мавкеи Иттифоки Советиро оид ба ин масъала съездхои 25-ум ва 26-ум и КПСС муайян намуданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …