Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАЧДУДДИНИ БАГДОДИ

МАЧДУДДИНИ БАГДОДИ

nophotoМАЧДУДДИНИ БАГДОДИ Абусаид Шараф ибни Муайяд ибни Абулфатх (соли таваллуд номаъ­лум, Багдодаки Хоразм —1216/17, Хоразм), мутафаккир ва шоири мутасаввифи асри 13. Муриди Начмуддини Кубро ва муршиди Фаридуддини Аттор. Мачдуддини Багдоди дар байни халкхои Шарки Наздику Миёна шухрат доштааст. Мачдуддини Багдоди то синни 18-солаги хикмат, забони араби, фикх, тиб ва нучуму адабро омухта, баъди тахсил мувофики хости модараш дар Хоразм муриди Начмуддини Кубро ме­шавад. Баъди сайру сулук ва риояи мартаботи суфия ба дарачаи шайхи мерасад. Мачдуддини Багдоди дар илми тиб донишу шугли махсусе доштааст ва аз ин ру, Аттор дар назди у хам асосхои тиб ва хам аркони тасаввуфро омухтааст. Аз Мачдуддини Багдоди рубоиёти суфиёнае боки мондааст, ки дар онхо таъсири рубоиёти устодаш Начмуддини Кубро ва Умари Хайём хувайдост. Баъзехо Мачдуддини Багдодиро сахнаи Багдоднасл мешуморанд. Мачдуддини Багдоди бо фармони хокими Хоразм Мухаммади Хоразмшох катл карда шуд.

Ад.: Бертельс Е. Э., Суфизм и суфийская литература, М., 1965;

М. Султонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …