Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МАБЛАГГУЗОРИ

МАБЛАГГУЗОРИ

mablagguzoriМАБЛАГГУЗОРИ, сарфи мехнат, захирахои моддию техники ва воситахои пули барои такрористехсоли фондхои асоси (ниг. Фондхои асоси). Маблаггузори шарти мухими татбики комёбихои прогресси илмию техники ва таъмини суръати баланди такрористехсоли васей социалисти мебошад. Маблаггузори аз хисоби фонди андухти даромади милли ва кисми маблагчудокунии амортизациони (бештар аз 40%-и маблаги умуми) амали гардонида мешавад. Хангоми тартиб додани лоихаи планхои хочагии халк хамаи манбаъхои аз пул таъминкуни — воситахои давлати, корхонаю ташкилотхои кооперативи, колхозхо, ахоли (сохтмони хонахои шахси), бючети давлати ва кредит ба хисоб гирифта шуда, хачми умумии Маблаггузориро мукаррар мекунанд. Мухимтарин манбаи аз пуд таъминкунии Маблаггузори фондхои тараккии истехсолоту чорабинихои ичтимоию мадани ва сохтмони манзилгох аст. Натичаи асосии Маблаггузори дар мухлатхои муайян ба кор андохтани фондхои асоси мебошад. Дар СССР Маблаггузори солхои 1966—70 352 млрд сум буд. Барои солхои 1971—75 хачми Маблаггузори кариб 501,6 млрд сумро ташкил кард ва нисбат ба 1966—70 кариб 40% афзуд. Дар РСС Точикистон. Маблаггузории солхои 1971’—75 3 млрд 920 млн сумро ташкил кард. Вобаста аа вазифахои конкрети, таносуб дар таксими Маблаггузори дар сохахои хочагии халк тагйир меёбад. Съезди 26 КПСС боз хам бехтар намудани некуахволии халки совети, афзунгардонии вазни киёсии Маблаггузори, истехсоли молхои истеъмолии халк тараккии хочагии кишлокро хамчун вазифаи асосии 5-солаи 11-ум муайян намуд. Дар РСС Точикистон солхои 1971—75 танхо барои тараккии саноат 1 млрд 129 млн сум, барои хочагии кишлок 1 млрд 331 млн сум харч карда шуд. Яке аз вазифахои асосии иктисоди баланд бардоштани самаранокии Маблаггузори ва дар ин асос бештар ба даст овардани даромади милли мебошад. Бехтар намудани сифати лоихакашии объектхо ва тараккии индустрияи сохтмон, концентрация, ихтисори мудлати сохтмон, дуруст чойгиронии куввахои истехсолкунанда ва ташкили илмии мехнат омилхои асосии ичрои ин вазифа аст. Маблаггузори дар мамлакатхои капиталисти воситаи такрористехсоли капитали асоси буда, моблаг ба сомхои истехсолот ба таври стихияви, дар зери таъсири коныоктураи иктисоди таксим карда мешавад, ки ин барои боз хам тезу тунд гардидани зиддиятхои системаи капиталисти сабаб мешавад.

Ад.: Хачатуров Т. С., Эноиомичиская эффективность капитальных вложений, М., 1964; Красовсний К, П,, Проблемы экономики капитальных вложений в СССР, М., 1907; Чернивский В. О., Эффективная экономики. М., 1967.

С. Саидмуродов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …