Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «МАБДАЪ ВА МАЪОД»

«МАБДАЪ ВА МАЪОД»

mabda-va-maod«МАБДАЪ ВА МАЪОД» (Ч–огоз, саршави ва баргаштан), рисолаи фалсафии Ибни Сино, ки дар бораи масъалахои гуногуни чахонбинии асримиёнаги аз кабили хасти, сабабу натича, назарияи судур, таносуби нафсу тан, таносух ва г. бахс мекунад. Ибни Сино дар рисола аввал категорияхои фалсафии вочибулвучуд ва имконулвучудро шарху эзох додааст, ки бисьёр нуктахои таълимоти у рочеъ ба хамин масъала ба мукобили чахонбинии дини равона шудааст. Мас., принципи сабабиятро эътироф кардани Ибни Сино дар системаи маротиби вучуд таълимоти динии офариниши оламро рад мекунад. Дар рисола хамчунин оид ба ходису кадимии олам, харакату замон, ки мазмуни асосии фалсафаи машшоъро ташкил медиханд, фикрхои нодире мавчуданд. Ибни Сино, бар хилофи Арасту, мавчудияти харакатро дар мавзуъ мумкин медонад. Дар хусуси пайдоиши табиати зиндаю гайризинда у изхори акида карда, гояи инкишофро ба миён гузоштааст. Бахс у андешахо Сино дар боби маърифат низ дар рисола оварда шудааст. Дар охири рисола таносуби тан ва рух, таносух мавриди тахлили мутафаккир каpop гирифта аст, ки мохияти назарияи уро рочеъ ба «Мабдаъ ва Маъод» ташкил медихад.

Ф. Сирочов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.