Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Лумумба Патрис Эмери

Лумумба Патрис Эмери

Лумумба ПатрисЛУМУМБА (Lumumba) Патрис Эмери (2. 7. 1925, Оналуа, музофоти Касаи —17. 1. 1961, Катанга, холо Шаба), ходими ха­ракати озодихохии Республикаи Конго (холо Республикаи Заир). Аз оилаи дехкон. Баъди хатми мактабхои миссионери котиб, маъмури почта, хизматчии яке аз ширкатхои Бельгия шуда кор карда­аст. Пайваста фаъолияти адаби ва журналисти мебурд: рузномаи «Ухуру» (Озоди)-ро таъсис ва вазифаи директори журнали хафтаинаи «Эндепанданс»-ро ичро кардааст.

Лумумба муассис ва раиси партияи Харакати Милли буд, ки он барои истиклолияти Конгой Бельгия суботкорона му­бориза мебурд. Ба таъкиби сиёси дучор шудааст. Дар конференцияи «Мизи мудаввар»-и Брюссель (январ— феврали I960) ширкат варзид, ки он дар бобати ба Конгой Бельгия дода­ни истиклолият карор кабул кард. Июни 1960 Лумумба сарвазири Республи­каи Конго эълон щуд. Лумумба ба мукобили тачзияталабони дохили ва тачовузи мусаллахи ачнабиёни хоричи— мустамликадорони бельгляги (июля 1960) бархост.

Сентябри 1960 Лумумбаро аз хокимият дур карда, вахшиёна ба катл расонданд. Соли 1966 Лумумба расман кахрамони милли эълон гардид. Соли 1961 ба Университети дустии халкхои Москва номи Лумумба дода шуд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …