Маълумоти охирин

Лубнон

ЛУБНОН – Республпкаи Лубнон (Lebanon – Ливан ), давлати хурди муттаракиест, ки дар Осиёи Гарби ва сохили шаркии бахри Миёназамин мебошад. Дар Шимол ва Шарк бо Сурия, дар бо Чанубу Шарк бо Исроил хамсархад мебошад. Масохаташ 10,4 хазор км2. Ахоли­аш 6,3 млн. нафар (2017 сол). Пойтахташ шахри Бейрут мебошад. Аз чихати маъмури Лубнон ба 5 вилоят таксим мешавад.

Лубнон

Сохти давлатй. Лубнон — республикаи парлумони мебошад. Конститутсияи чориаш 23 май 1926 кабул шудааст (солхои 1927, 1929, 1943, 1947, 1976 ва 1990 ба он тагйирот дохил карда шудаанд). Сардори давлат— президент, ки уро парламент ба мухлати 6 сол интихоб мекунад. Президент сарвазир ва вазиронро таъин ва аз вазифаашон холи меку­над, конун мебарорад.

У сарфармондехи куввахои мусаллах низ мебоша,л. Opгани олии хокимияти конунбарор — парламенти якпалатагист, ки дар асоси системаи конфессионали (аломати дини) ба мухлати 4 сол интихоб мешавад. Масъалахои маъ­муриро дар округхо, губернаторхо на дар нохияхо супрефектхо хал мекунанд, ки онхоро хукумат таъин мекунад. Системаи суди: судхои инстантсияи якум, апеллятсиони ва кас­сатсиони, судхои шаръи. системаи судхои маъмури, доир ба масъалахои бахси мехнати — арбитражхо, суд доир ба масъалахои бехатарии давлати.

ЛУБНОН ДАР ХАРИТА

Табиат: Лубнон асосан мамлакати кухсор; дар кад-кади пастхамии камбари наздисохили каторакухи Лубнони Гapби ва каторакухи Лубнони Шарки тул кашида, дар байни онхо пасти чукурии Бекаа вокест. Иклимаш субт­ропики; тобистон хушку зимистон сернам. Дар нохияхои назди сохил харораташ январ 13° С, июль 28°С, дар ба­ландии такрибан 1000 метр 6° С—22°С.

Боришоти солона дар нохияхои наз­ди сохил 750—1000 мм, дар кухсор зиёда аз 1000 мм. дар водии Бекаа на пуштакухи гарони каторакухи Лубно­ни Шарки 400—800 мм. Дарёхояш хурд. Дарёи калонтарин Литани. Хокаш дорчини, хокистарранги дорчинии санглох. Набототаш асосан бутаги, дар гарби пуштакухи каторакухи Лубнон бешахои бокимонда (булути хамешасабз, чинор, фарк, санавбар, арча) дучор меоянд. Олами хайвоноташ: кафтори рах-рах, шагол, гизол (кариб тамоман кир шудааст). хелхои зиёди хояндаю паррандахо низ мавчуданд.

Ахолаш: Зиёда аз 90%-и ахоли—арабхо. Кариб 500 хазор нафар аз онхо фирориони фаластинианд. Дар Лубнон арманихо, курдхо, шумораи ками черкисхи, туркхо, форсхо, яхудиён, ев­ропоихо  ва дигарон зиндаги мекунанд. Забони расми — араби, забонхои франсави ва англиси низ маъмуланд. Зиёда аз 30% хиссаи ахоли мусулмон (сунни, шиа, друзхо), бокимонда — насрони (аз онхо 2/з хиссаашон маронитхо). Зичии миёнаи ахоли дар 1 метри мураббаъ 520,46 нафар (2016 сол). Шахрхои калон — Бейрут (кариб 2 млн. нафар ахоли соли 2017), Тароблис, Сайдо ва Захла мебошанд.

ВИДЕО ОИДИ ЛУБНОН

Очерки таърихи:  Дар масохати хози­раи Лубнон одамон аз замонхои кадим инчоинб зиндаги мекунанд. Кадимтарин ахолии ин диёр кабилахои финшчихо, хуррихо ва дигар буданд. Дар хазораи 4—2 то мелод дар масохати Лубнон якчанд шахр-давлатхои Финикия: Библ (хозира Чубайл), Тир (хози­ра Сур), Сидон (хозира Сайдо), Ве­рит (хозира Бейрут) ва гайра ташкил шу­данд. Дар ахди фиръавни Миср Тутмоси III (солхои 1525—1473 то мелод хукм рондааст) масохати Лубнон ба Миср дохил карда шуд.

Шахр-давлатхои Финикияро Ошур, Бобулистон, давлати Хахоманишиёни форс, Искандари Макдуни ва дигар давлатхо забт карда буданд. Соли 64 то мелод масохати Лубнон ба музофоти Сурияи Рим, баъдтар ба хайати империяи Византия дохил карда шуд. Арабхо Лубнонpo дар асри 7 забт карданд, ахолии мамлакат забони араби ва кисми зиёди он дини исломро кабул кард. Асрхои 8—9 дар Лубнони Кухистон пайравони як катор мазхаби насрони, аз чумла маронихо сокин шуданд. А. И дар Лубнон таълимоти мазхаби шиаи друзхо пахн гардид. Салибдорон охирхои асри 11 Лубнонро забт карда, бо дастгирии марониёни олимансаб чандин аморатхои феодали барпо карданд. Онхо охирхои асри 18 аз Лубнон ронда шуданд.

Лубнон дар асри 13 ибтидои асри 16 тобеи мамлукхои Миср буд. Охири асри 15 ибтидои асри 16 дар заминаи чамоатхои друз ва марони дар Лубнони Кухистон аморати мухтори Лубнон ташкил шуд. Соли 1516 масохат. Лубнон ба сифати як кисми Сурия ба хайати империяи Усмония дохил карда шуд. Охири асри 18 — ибтидои асри 19 муносибатхои молию пули инки­шоф ёфтанд. Аввалин мануфактурахо ба вучуд омаданд. Сиёсати марказонидани Лубнон гузаронида мешуд.

Дар давраи ислохотхои империяи Усмония (1839 — авалхои солхои 70-ум) дар Лубнон низ чандин ислохот гузаронида шуд. Солхои 1841, 1845, 1860 бай­ни друзхою маронихо низову нифок, руй дод. Хукумати Туркия аз ин вазъият истифода бурда кушиш кард, ки хокимияти худро дар Лубнон баркарор намояд. Дар натичаи мукобилати ахоли ва мудохилаи давлатхои Европа ба Лубнон ба андозае мухторият дода шуд. Он ба ду музофот — друзи ва марони таксим шуд, ки дар натича зулму истибдоди феодалхо афзуд.

Парчами Лубнон

Соли 1859 дехконони Кесруана бар зидди феодалхо шуриш бардоштанд. Солхои 1860—1861 бо бахонаи хифзи ахолии насрони Кушунхои Фаронса мамлакатро забт карданд. Июни 1861 комиссияи байналхалки (дар хайати Фаронса, Британияи Кабир, Австрия, Пруссия, Россия, империяи Усмония) низомномаи Лубнонро кор карда баромаданд (аз хамин давра мамлакат расман Лубнон ном гирифт), ки мувофики он дар масохати Лубнони Кухистон Лубнони ягона ва мухтор эълон гардид. Имтиёзхои феодалони Лубнон бекор ва дар Лубнон чойгир кардани кушунхои Туркия манъ карда шуд. Аз охирхои солхои 50-уми асри 19 Лубнон ба яке аз марказхои илму маърифати араб, баъд ба маркази Харакати миллии озодихохона таб­дил ёфт.

Лубнон дар асрхои 19-20 хамчун чузъи империяи Усмония ба ниммустамликаи давлатхои Европаи Гарби таб­дил ёфт. Дар давраи Чанги якуми чахонии 1914—1918 Туркия мухторияти Лубнонро бекор кард. Октябри 1918 кушунхои Англияю Фаронса Лубнонро забт карданд. Сентябри 1920 хукумати Фаронса дар зери ваколати худ барпо гардидани давлати «Лубнони Бузург»-ро эълон намуда, нохияхои мусулмоннишинро ба масохати Лубнони Кухистон хам рох кард. Халки Луб­нон бар зидди мустамликадорони фаронсави фаъолона мубориза бурд. Соли 1924 коммунистони Лубнон ва Су­рия Партияи Коммунистии Сурия (ПКС)-ро барпо намуданд.

Дар ибтидои Чанги дуюми чахонии 1939— 1945 дар Лубнон холати гарби эълон ва парламент пароканда карда шуд; фаъолияти Партияи коммунисти низ манъ гардид. Баъди таслим шудани Фаронса мохи июни 1940 Лубнон амалан дар зери назорати комиссияи муторакаи Италияю Германия монд. Кисмхои харбии «Фаронсаи озод» ва кушунхои Англия 8 июни 1941 ба масохати Лубнон даромаданд. Сарфармондехи кушунхои Фаронса генерал Катру бекор шудани ваколати Фаронсаро эълон кард. Вай 26 ноябри 1941 изхоротро доир ба Лубнон додани истиклолият тасдик намуд. Хамин тавр 22 ноябри 1943 Хукумати конунии Лубнон барпо гардид.

Ин руз хамчун иди миллии Лубнон Рузи истиклолият чашн гирифта ме­шавад. Дар хамон вакт байни capдорони чамоахои насрони ва мусулмон муохидаи милли баста шуд, ки он системаи конфессионалиро мустахкам намуд. Мувофики ин муохидаи милли хокимиятро дар байни сардорони чамоахои мусулмон ва насрони таксим намуданд (бо имтиёзи насрониён). Лубнон аз августи 1944 бо иттиходи Шуърави муносибатхои дипломати до­рад. Марти 1945 Лубнон дар ташкил намудани Лигаи мамлакатхои араб иштирок кард. Худи хамон сол Лубнон аъзои ТДМ шуд.

Лубнонихо ” class=”size-full wp-image-74707″ height=”374″ id=”attachment_74707″ src=”http://kitobam.com/wp-content/uploads/2017/04/lubnoniho.jpg” width=”750″> Сурати Лубнонихо

Империализми Фаронса кушиш мекард, ки баъди чанг кушунхои худро аз хоки Лубнон набарорад. Харакати мукобилат бар зидди истилогарон cap шуд. Бри­танияи Кабир ва Фаронса мачбур шуданд кушунхои худро бароранд. Кушунхои охирин 31 декабри 1946 аз Лубнон баромаданд. Баркарор шудани истиклолияти милли ба инкишофи иктисодиёти мамлакат мусоидат кард. Хукумат чандин корхонахои ширкатхои хоричиро харида гирифта милли кунонид.

Дар рохи истифода бурдани захирахои табии чорахо дида шуд. Аммо монополпяхои хоричи дар иксодиёти Лубнон мавкеи мустахкам доштанд. Капитали ИМА торафт бештар ба Лубнон дохил мешуд. Мехнаткашон талаб карданд, ки ша­роити зиндагони бехтар, сиёсати дохили ва хоричи демократи кунонида шавад. Дар ин мубориза Партияи Коммунистии Лубнон, ки соли 1944 хамчун партияи мустакил ташаккул ёф­та аз соли 1948 дар холати гайрилегали буд, фаъолона иштирок кард.

Солхои 1948—1949 Лубнон дар чанги Мисру Исроил иштирок карда, хамрохи мамлакатхои дигари араб ба шартномаи муторака бо Исроил (23 марти 1949) имзо кард. Хукумат соли 1951 чавобан ба талаби оммаи халк таклифи давлат­хои империалистиро дар хусуси ба иттифокхои харби иштирок намудани Лубнонро рад кард. Аммо Комил Шамун, ки соли 1952 президент интихоб шуд, бар хилофи ваъдахои пеш аз интихобот додааш рохи бо Гapб наздикшавиро пеш гирифт.

Дар давраи тачовузи Англия, Фаронса ва Исроил бар зидди Миср бо хукуматхои иштирокчиёни тачовуз муносибатро наканд. Мохи марти 1957 Лубнон «Доктринаи Эйзенхауэр»-ро кабул кард. Аввали 1958 Фронти муттахидаи милли ташкил шуд, вай талаб кард, ки сиёсати мустакилонаи дохили ва хоричи ба амал бароварда шавад. Куввахои тараккипарвар кушиш мекарданд, ки Лубнон дар харакати миллии озодихохонаи халкхои араб фаъолона иштирок кунад, аммо сардорони чамоаи насрони ба ин зид буданд. Мохи май 1958 корпартоии умумии сиёси cap шуда, ба Чанги граждани табдил ёфт.

Тачовузи Америка ба Лубнон июли 1958 cap шуд, ки ташаббускори он Шамун буд. Сентябри 1968 баъди президент шуданд генерал Фуод Шахоб задухурд хотима ёфт. Р. Карома сардори хукумати нав шуд. Хукумати Карома изхор намуд, ки он бо «Докоринаи Эйзенхауэр» хеч як алока надорад ва сиёсати бетараф будан, ба блокхо хамрох нашудан асоси сиёсати хоричиаш мебошад.

Харитаи Лубнон

Октябри 1958 кушунхои америкои аз хоки Лубнон бароварда шуданд. Чанги граждании 1958 инъикоси бухрони системаи конфессионали ва бунёди сиёсии хукумат буд. Президент Фуод Шахоб ба артиш такя намуда ислохотхо гузаронид (1958—1964), ки зотан руяки буда, дар системаи сиёсии мамлакат ба тагйири чидди оварда нарасонид. Дар давоми солхои 60-ум ва нимаи 1-уми солхои 70-ум дар мамлакат харакати демократи боз авч гирифта, бо сардории К. Чумбулот — сарвари Партияи прогрессивии сотсиалисти блоки куввахои тараккипарварии милли ташаккул ёфт.

Ташкилотхои Харакати мудобилати Фаластин аз соли 1968 дар масохати Лубнон амал мекунанд. Куввахои насрониёни рост (партияи Катаиб, партияи миллии либерали ва гайра) бар зидди дар Лубнон вучуд доштани Харакати мукобилати Фаластин Саромаданд ва ин буд, ки соли 1969 задухурди ярокнок ба амал омад. Пас аз он ки ноябри 1969 дар Кохира байни Лубнон ва Ташкилоти озодкунандаи Фаластин муохида баста шуд, бухрони тезутунди сиёсии мамлакат хотима ёфт. Маи 1973 фармондехии армияи Лубнон бо ризоияти прези­дент С. Франже (1970—1976) боз ба мукобили харакати мукобилати Фаластин чанг cap кард.

Апрели 1975 куввахои насрониёни рост бо дастгирии давлатхои империалисти, Исроил ва куввахои иртичоип аъроб бо максади торумор намудани Харакати мукобилати Фаластин ва иттифокчни он — куввахои тараккипарвари милли дар Лубнон чанчоли калон хезонданд. Бло­ки партияхои насрониёни рост ба максади худ нарасида, огахоро аз руи аломати дини таксим кардани мамлакатро талаб карданд. Августи 1975 куввахои тараккипарвари милли программаи ислохоти демократиро пешнход карданд, ки он ба бархам додани системаи конфессиоиали равона карда шуда буд.

Январ— марти 1976 дар армияи Лубнон ихтилоф ба вучуд омад. Доирахои муайяни харби бо дастгирии аксарияти депутатхои парламент марти 1976 кушиш карданд, ки президент Франже пеш аз мухлат ба истеъфо барояд, аммо ин кушиш барор нагирифт. Июни 1976 ба Лубнон кушунхои Сурия дохил шуданд. Куввахои насрониёни рост августи 1976 баъди мухосираи якуним моха лагери дар Бей­рут вокеъ гардидаи фаластинихо — Талл-Заътарро ишгол карданд. И. Саркис сентябри 1976 президент таъин шуд. Октябри 1976 дар Арриёз ва Кохира машварати сардорони давлатхои араб гузаронида шуд ва пас аз он мочарои ярокноки Лубнон хотима ёфт.

Иктисодиёт:  Мачмуи махсулоти дохилии Лубнон дар соли 2016-ум маблаги 86 миллиард доллари ИМА-ро ташкил кард (GDP (purchasing power parity)). Xочагии кишлок ва саноатп Лубнон чандон та­ракки накардаанд. Лекин системаи молию банк ва доираи хизматрасонии он хеле инкишоф ёфтааст ва аз 2/з хиссаи даромади миллии мамла­катро ташкил мекунад. Тахкурсии иктисодиёти Лубнонро сектори хусуси ташкил медихад. Аксарияти корхонахои он фабрикаву заводхои хурданд. Саноати маъдани кухи низ аз корхонахои хурд иборат аст; маъдани охану ангишти бур истихроч ва асфальт истехсол мекунанд. Корхонахои истехсоли махсулоти нефть тобеи капитали хоричи мебошанд. Саноати цемент таракки мекунад. Kopxoнахои металлурги, коркарди металл ва химияви сохтанд. Бофандаги аз сохахои кадимтарини мамлакат мебо­шад. Аз корхонахои саноати хуроквори заводхои канд бештар инкишоф ёфтаанд. Лубнон хиссаи ахоли замин на­дорад ва онро аз заминдорони калон ичора мегиранд.

Асъори Лубнон

Шаклан асосии истифодабарии замин чоряккорист. Аз галладона гандум, чав, аз лубиёихо наск, нахуди дашти, нут ва гайра кишт мешавад. Богдори (себ, меваи ситруси, зайтун ва банан) ва токдори таракки кардааст. Лаблабуи канд ва тамоку низ парвариш мешавад. Куххо чарогох надоранд. Бинобар он барои парвариши гов имконият нест. Бузу гусфанд ва мург мепарваранд, мохигири ривоч ёфтааст. Наклиёти асоси — автомобил. Тули рохи автомобильгард 6,5 хазор метр. Бейрут — бандари калони бахри ва авиатсиони. Солхои 1966—67 байни Лубнон, Иттиходи шуърави ва дигар мамлакатхои сотсиалисти алокаи хавои ба рох монда шуд. Лубнон ба хорича меваи ситруси, себ, пашм, нахи пахта, пуст, семент бароварда, аз хорича мошин ва тачхизот, маснуоти металли, чуб, хуроквори, чорво мехарад. Вохиди пулаш — фунти лубнони (100 фунти лубнони = 22 суму 18 тини совети, январи 1979).  Вохиди пулиаш – Фунти Лубнони дар соли 2017 мебошад ва курбаш такрибан  баробари 1500 LBP  = 1 доллари ИМА аст.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба:  Катаиб («Фалангахои Луб­нон»). Хамчун партия аз соли 1943 амал мекунад. Партияи асосии бло­ки куввахои рости насрони «Фрон­ти Лубнон» (ФЛ). Партияи миллии либерали. Таъсисаш соли 1958. Ба ФЛ дохил аст. Блоки милли. Таъсисаш соли 1943. Парти­яи тараккипарвари соци­алисти. Таъсисаш соли 1949. Пар­тияи миллии ичтимои. Таъ­сисаш соли 1932. Харакати носирчиёни мустакил. Таъсисаш соли 1971. Ташкилоти амалиёти коммунистии Лубнон. Таъсисаш соли 1971. Партпяи тачаддуди сотсиалистии араб (Баас). Таъсисаш соли 1950. Парти­яи Коммунисти Лубнон (Таъсисаш соли 1924). Федератсияи умумии иттифокхои касабаи коргарон ва хизматчиёни Лубнон.

Матбуот, радио, телевианон: Солхои охири асри 20 дар мамлакат номгуи зиёди матбуоти даври ба забонхои араби, франсави, англиси ва армани нашр мешуд. Газетахои асоси ба забони араби: «Ал-Амол» (таъсисаш 1039), органи партияи Катаиб «Ал-Анвор» (1959), «Ал-Мухаррир» (1902), «Ан-Нахор» (1933), «Ан-Нидо» (1959), «Ас-Сафир» (1974) ва г. Ба забони англнси: «Дейли стар» (1952), ба забони франсави: «Ориан-Жур» (1971). Журналхои асоси: «Ал-Хаводис», «Ас-Сайёд», «Ал-Усоу-ал-Араби», «Ал-Хуррия» ва гайра. На кам аз 5 радиостансия дорад, ки барномахои худро ба забонхои араби, франсави, англиси, армани мешунавонад. Дар мамлакат 2 ширкати теловизион кор мекунад.

Адабиёт:  Асри 19 дар адабиёти Лубнон, ба монанди он ки дар адабиёти Миср, Сурин ва дигар мамлакатхои араб буд, роххои маърифатпарвари пахн гардида, харакати эхёи маданияти араб ташаккул ёфт. Идеологхои ин харакат маърифатпарварон Насиф-ал-Язичи (1800—71), Бутрус ал-Бустони (1819—83), Ахмад Форис аш-Шидёк (1804—87) ва дигар буданд. Дар нимаи 2-юми асри 19 — ибтидои асри 20 дар адабиёти Лубнон гояхои маърифатпарвари ва зиддифеодали мавкеи муайянро ишгол карданд. Дар арафаи Чанги якуми чахони адабиёти Лубнон ба давраи нави тараккиёти худ дохил шуд: услуби романтизм ва реализми танкиди шакл гирифтанд. Дар асархои танкиди таъсири В. Г. Белинский бараъло зохир мешуд.

Умар Фахури, Тавфик Юсуф Аввод (мачмуаи хикояхо аз хаёти камбагалон «Писараки ланг», 1936, романи ватанпарваронаи «Нотс», 1939), Карам Малхам (романхои «Силкасал», 1936, «Фарёди дарду алам») ва дигар нависандагону шоирон дар инкишофи реалистонаи адабиёти Лубнон сахми арзанда гузоштанд.

Дар давраи Чанги дуюми чахонии 1939—45 ва пас аз чанг нависандагони пешкадами Лубнон дар атрофи журнали ичтимоию сиёсии «Ат-Тарик» («Рох»), ки асосгузорони он Умар Фахури, Антуан Табет ва Райф ал-Хури мебошанд, чамъ омаданд. Тарчума ва оммави гардонидани асархои М. Горкий. М. А. Шолохов, И. Г. Оренбург, К. М. Симонов ва дигар нависандагони совети, инчунин асархои муаллифони тараккипарвари Европаи Гaрби ва Америка дар хаёти мадании Лубнон чои намоёнро ишгол кардаанд. Мубориза бар зидди фашизм, мустамликадори, танкиди беадолатии ичтимои мавзуи асосии публицистика ва адабиёти бадеии Лубнон гардил.

Мачмуаи хикояхои «Паканахо— баходурон» (1948) ва «Сиёхи дар руи когаз»-и (1957) нависанда ва филолог Морун Аббуд ба ахволи вазнини фаллохон ва кисмати чавонони Лубнон бахшида шудааст. Протессхои мураккаби хаёти ичтимои ва сиёсии мамлакатхои араб дар повестхои «Кохинони ибодатгох» (1952) ва «Убайди тавоно»-и (1955) Чорч Ханна инъикос гардидааст. Кахрамонони новеллахои Мухаммад Дикруб (мачмуаи «Кучаи дароз», 1954) асосан намояндагони синфи коргаранд. Шоир Радиан аш-Шаххал соли 1950 достони «Ленин»-ро офарид.

Дар солхои 60-ум ба адабиёти Лубнон Мухаммад Антони, Хасан Канафони, Эдуард Бустони ва дигар омаданд, ки насри онхо ба масъалахои ичтимои ва сиёсии хакикати хозираи мамлакат, инчунин ба масъалахои мубориза бар зидди империализм, тачовузи Исроил нигаронида шудааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …