Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Ломоносов Михаил Василевич

Ломоносов Михаил Василевич

ЛОМОНОСОВ Михаил Васильевич ЛОМОНОСОВ Михаил Василевич (19. 11. 1711, дехаи Денисовка. хо­ло Ломоносово, губ. Архангельск — 15. 4. 1765, Петер­бург), аввалин олими табиатшиноси рус, энцикло­педист, яке аз асосгузорони химияи физикави, шоир, рассом, муаррих, асосгузори забони адабии хозираи рус, тарафдори равнаки илму маорифи ватании рус. Солхои 1731—35 дар Академияи славянии) юнонию лотинии Москва ва Университети назди АФ Петер­бург, 1736—41 дар Германия дар университетхои Марбург ва Фрейберг тахсил намудааст. Аз январи 1742 адьюнкти сохаи физикаи АФ ва аз соли 1745 якумин профессор (академик) сохаи хи­мия. Соли 1748 бо ташаббуси Ломоносов аввалин лабораторияи тадкикоти илмии хи­мия ташкил карда шуд. Ломоносов фаркияти мафхумхои «корпускула» (моле­кула ) ва «элемент» (атом J-po нишон дод. Ломоносов дар асари худ Мулохизахо дар бораи сабаби гарми ва хунуки» (1744) дар натичаи харакати механикии заррахои модда ба вучуд омадани гармиро асоснок кард, ки дар кушкихои аввалини тартиб додани назарияи кинетикии газхо асри 19 истифода шудааст. У дар асари «Тачрибаи назарияи эластикии хаво» (1748) ба харакати заррахои газхо вобаста будани хусусияти эластикии онхоро шарх дод. С.оли 1748 конуни  бакои массаро кашф кард. Соли 1756 оид ба сузиши металл дар зарфи сарбаста тадкикот гузаронида роли оксигенро дар процесси сузиш исбот кард. Ломоносов як катор асбобхои барои тадкики сохаи химияи физикави истифодашаванда (вискозиметр, рефрактометр)-ро ихтироъ кард.

Ломоносов дар факултаи Усть-Рудицы (наздикии Петербург), ки бо ташаббуси у сохта шуда буд, технологиии истехсоли шишаи рангаро кор карда баромад. Доир ба электр дар атмос­фера бо хамкории Г. В. Рихман тадкикот гузаронида, ходисахои барк ва фачри шимолиро шарх дод.

Сахми арзандаи Ломоносов дар сохаи оптика, илмхои астрономия, геофизика ва география низ кам нестанд. Ломоносов «гулбаи биниши шабона»-ро (1756— 58) ихтироъ кард ва чанде пеш аз В. Гершель телескопи инъикоскунандаи оинавиро (бе оинаи иловагии хамвор) сохт. Вай 26 май 1761 дар Венера мавчуд будани атмосфераро хангоми аз курси Офтоб гузаштани он муайян кард.

Ломоносов ба равнаки геология ва минера­логия, инкишофи саноати металлургия дар Россия диккати чидди дода, бисьёр чинсхои кухиро тадкик, кардааст. Пайдоиши органикии хок, ангиштсанг, торф, вараксанги сузанда ва нефтьро шарх додааст. Дар асархои «Оид ба кабатхои замин» ва «Асосхои якумини металлургияи маъданкоркуни» (1763) конуниятнокии эволюцияи табиат, хосиятхои металлхои гуногун ва роххои коркарди онхоро нишон додааст. Ломоносов дар омухтани таърихи тараккиёти Рос­сия ва халки он сахми арзандае гузоштааст. Дар ин бора асархои у «Таърихи Россияи Кадима аз ибтидои халки рус то вафоти князи бузург Ярослави якум ё худ то соли 1054» (кисмхои 1—2, 1766) ва «Солномаи мухтасари авлодхои Россия» (1760) шаходат медиханд.

Хизмати Ломоносов дар сохаи адабиёт ва забони руси низ бузург аст. Вай хам бо осори илмии назари ва хам бо асархои бадеиаш дар такмил ва инкишофи шеъри рус хиссса гузоштааст. «Мактуб дар бораи коидахои шеърнависии руси» (1739), касидан «Анкар гирифтани Хотин» (1739), достони эпикии нотамоми «Пётри Кабир» (1760), фочиахои «Темур ва Селим» (1750), «Демофонт» (1752) ва «Грамматикаи Руссия» (1755) ба калами Ломоносов тааллук доранд. В. Г. Белинский ба эчодйёти адабию бадеии Ломоносов бахои баланд дода, уро «Пётри Кабири адабиёти рус» номида буд.

Ломоносов ба ходисахои табиат материалистона бахо дода, хамагуна акидахои гайриилми ва фахмиши динии ходисахои табиатро инкор кардааст. Бо ташаббуси у соли 1755 Университети Моск­ва ташкил шуд, ки дар он на танхо дворянхо, балки разночинхо низ хукуки донишомузи доштанд. Ломоносов аъзои фахрии АФ Швеция (1760) ва АФ Болонки (1764) интихоб шудааст. Соли 1965 АФ СССР ба бехтарин корхои илмии илмхои табиатшиноси ва чамъияти ду медали тиллои ломоносови таъсис намуд. Шахр дар вилояти Ленинград, чараёне дар укёнуси Атлан­тика, каторакуххои зериоби дар укёнуси Яхбастаи Шимоли номи Ломоносовро доранд.

Ас.: Поли. собр. соч., т. 1—10, М.— J1., 1950—59; Изб. труды по химии и физи­ки, М., 1961.

Ад.: 3ападов А. В., Отец русской поэзии. О творчестве Ломоносова. М., 1961; О с ими М., Дорулфунуни нахус- тини мо, Д., 1061. Р а с к и и, Н. М., Хи­мическая лаборатория М. В. Ломоносо­ва, М.— Л., 1962; Морозов А. А., .Ло­моносов (5 иэд), М., 1965.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …