Главная / Биология / Лоладарахт

Лоладарахт

ЛОЛАДАРАХТ (Liriodendron tuli- pifera), дарахтест аз оилаи Magnoliaceae. Баландиаш 30—60 м. Барги лирашакли 4 — 6-парра, гули калони зарди ё сурхи сабзтоб (кутраш то 6 см), меваи чалгузашакл, тухми «канотакдор» (вазни 1000 тоаш 60—63 г) дорад. Дар шахроити республика мохи май гул карда, тухмаш октябр мепазад. Лоладарахт аз набототи кисми шаркии Шимоли аст. Дарахти тезсабз, рушнои ва намидуст, ба —25—30° С хунуки тоб меорад, то 200 сол умр мебинад.

Лоладарахт

Дар боги набототи Институти ботаникаи  Точикистон аз соли 1933 парвариш мекунанд. Холо дар сабзкории деху шахрхои республика низ истифода мешавад. Лоладарахтро бо тухм зиёд мекунанд. Чуби Лоладарахт зардтоби ашхаб, сабук, хушбуй ва дар мебелу киштисози, саноати гугирд, сохтани асбобхои мусики ва г. истифода мешавад.

guli-loladaraxti-zard

Дар борамон

Инчунин кобед

penisill

Пенисилл

Пенисилл, п е н и с и л л и у м, магори хушамонанд (Реnicillium, …