Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Лихтенштейн

Лихтенштейн

ЛИХТЕНШТЕЙН (Liechtenstein), Князии Лихтенштейн, давлат дар Европаи Маркази, дар сохили рости болооби дарёи Рейн, дар байни Швейтсария ва Австрия. Масохаташ такрибан 160 километри мураббаъ. Ахолиаш соли 2017-ум 37,1 хазор нафар буда тули 500 соли охир хамаги 10 маротиба зиёд шудааасту халос. Хоричиён 50% -и ахолии он мебошанд. Пойтахташ шахри Вадутс (ахолиаш бештар аз 4 хазор нафар). Шахрхои калон: Шан, Балтсерс, Хризен, Аз чихати маъмури Лихтенштейн ба Лихтенштейни Боло ва Лихтенштейни Поён, онхо бошанд ба обшинахо таксим шудаанд. Забони расми — немиси. Дини хукмрон — масехи. Калисо аз давлат чудо нашудааст.

ЛИХТЕНШТЕЙН

Сохти давлати. Лихтенштейн — монархии конституциони. Сардори давлат — княз. Мувофики конститутсияи чори, ки соли 1921 кабул шуда буд, хокимияти конунбарорро княз ва ландтаг (парламенти якпалатаги) ба амал мебароранд, ки он ба мухлати 4 сол интихоб мешавад. Лихтенштейн— ягона мамлакати Европоиест, ки дар он занхо то соли 1976 хукуки интихоботи надоштанд. Хокимияти ичроияро хукумат ба амал мебарорад, ки он аз сарвазир, чонишин ва се аъзо иборат аст. Системаи суди: суди оли, судхои округи, трибунали олии давлати.

Табиат. Кариб 30%-и масохат Лихтенштейнро шохахои куххои Алп (баландиаш зиёда аз 2 хазор метр) фаро гирифтаанд. Дар кисми гарбии мамлакат водии дарёи Рейн вокеъ аст. Иклимаш муътадил, боришоти солона 700—1200 мм. Кариб масохати мамлакат асосан аз бешахои дарахтони коч, олаш, булут иборат аст, маргзорхои субалпи низ хастанд.

Маълумоти таърихи. Дар давраи хукмронии римихо хоки Лихтенштейн ба музофоти Ретсил дохил буд. Аввалхои асри миёна Лихтенштейн як киёми графии Швабия буд. Баъдтар мулкхои феодали-графии Вадутс (1342) ва мулки Шелленберг (дар хайати «Империяи Рими Мукаддас») ба вучуд омаданд. Дар ибтидои асрхои 17—18 ин заминхоро князе аз сулолаи Лихтенштейнихо харанд, онхо соли 1719 ба князии Лихтенштейн муттахид карда шуд, ки то соли 1806 бевосита ба империя тобеъ буд. Соли 1806 Лихтенштейн ба Иттифоки Рейн ва солхои 1815—66 ба хайати Иттифоки Германия дохил шуд. Аа соли 1866 Лихтенштейн давлати сохибихтиёр. Манфиатхои Лихтенштейнро дар хорича Швейтсария химоя мекунад. Почта, телеграф ва телефон, радио ва телевизион дар ихтиёри Швейтсария мебошад. Дар мамлакат зиёда аз 5 газета ба забони немиси нашр мешавад.

ДАР ХАРИТА

Иктисодиёт. Лихтенштейн мамлакати дорои саноати муттаракист. Иктисодиёти Лихтенштейн ба сармояи хорича, хусусан ба сармояи Швейтсария вобаста аст. Кариб 50% ахолии кобили мехнат дар саноат кор мекунад. Мачмуи махсулоти дохилии солонааш такрибан ба 7 млрд доллар баробар аст ва сари ахоли такрибан ба 90 хазор доллар баробар аст. Дар мамлакат даххо корхонахои саноати, асосан филиали ширкатхои Швейцария хастанд, ки барои экспорт махсулот мебароранд. Сохахои асосии саноат: мошинсози, химияю фарматсевти, чуб, бофандаги, хуроквори.

Дар хочагии кишлок хамаги 5% ахоли кор мекунад. Танхо 12,5% масохаташ кишт мешавад; 43,8% замин чарогох. Сохахои асосии хочагии кишлок— чорводори, богдори, галлакори. Аз масохат. Лихтенштейн рохи охани Париж — Тсюрих — Вена мегузарад.

ВИДЕО ОИДИ ЛИХТЕНШТЕЙН

Туризми хоричи ва курортхо, нашри маркахои почта манбаи асосии даромад мебошад. Вохиди пул — франки Швейтсария (100 франки Швейцария = 40 суму 13 тин, январи 1979).

Маориф. Барои кудакони аз 6 то 14-сола мактаби 8-солаи хатми вучуд дорад. Соли тахсили 2017-ум 3 хазор талаба мехонд. Баъди хатми мактаби 8-сола дар мактаб-гимназияи 5-сола ё дар мактаби миёнаи 3-солаи реали тахсилро давом медиханд. Соли тахсили 2017 дар мактабхои миёна 1,9 хазор талаба мехонд. Таълим ба забони немси. Лихтенштейн 5 мактаби хусуси дорад. Маълумоти олиро дар хорича мегиранд. Дар Вадутс музеи давлати хаст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …