Маълумоти охирин

Лифт

ЛИФТ (аз забони англиси «lift» — бардоштан), мошин-наклиёти болобардори стапионари, ки барои ба ягон баланди бардоштани одамон аз бор дар кабина ё платформаи махсус пешбини шудааст. Кабинаи Лифт дар чохи бино амуди харакат мекунад.

Лифт

Лифт яке аз ихтирооти кадимаи инсоният мебошад. Аввалин Лифтхоро римиёни кадим (асри 1 то мелод) сохта буданд (дар «Касри тилло»-и императори Рим Нерон), ки то балондии 40 метр мебаромад. Аввалин Лифтхои пассажири дар Россия асри 18 сохта шуд. Соли 1793 (мувофики баъзе маъхазхо 1795) дар Касри Зимистони аз руи лоихаи И. П. Кулибин Лифти пассажирии винти шинонда шуд. Дар нимаи асри 19 баробари авч гирифтани сохттмони бинохои серошёна Лифтхои бо буг ва моеи фишурдашуда харакаткунанда ба вучуд омаданд.

Ба сифати механизми болобардор чигир (лебёдка), гидросилиндр ва тахвили винтиро истифода мебурданд. Соли 1880 Л. Сименс дар Германия аввалин Лифти бо кувваи электрика харакаткунандаи механизми болобардораш рейкагиро сохт. Аз ибтидои асри 20 лифтхои электрики бо симтаноб кашидашаванда маълум гаштанд.

Схемаи лифти пассажири: 1 — мошинхона; 2—чигир; 3— симтанобхои кори; 4 — овезаи кабина; 5—лифткаппак; 6— кабина; 7—чох; 8— самтдихандахои кабина: 9 — порсанг; 10—буфер; 11-махдудкунандаи суръат; 12 — стансияи магнити.

Лифтхо боркаш (умуми ва махсус) ва пассажири (мукаррари ва баландсуръат) мешаванд.

Кабинаи баъае Лифтхо бо суръати баланд харакат мекунад (масалан, суръати Лифти манораи телевизионии Останкино 7 метр/сония мебошад). Кабниаи дар симтанобхо овезон кад-кади шахтаи амуди, ки кадаш баробари баллндии бино аст, харакат мекунад. Механизми болобардори Лифт — чигир дар кисми боло ё поёни бино  шинонида мешавад. Кабинаро кафшакхои лагжанда 6 роликдор (ки хангоми харакати кабина кад-кади чох болову поён мешаванд) дар холати амуд нигох медоранд. Барои таъмини бехатари кабинаву порсангхоро камаш ба ду аргамчин меовезанд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛИФТ

Дар чох лифткаппакхое шинонда мешаванд, ки хангоми беш аа 15% афзудани суръат ё канда шудани аргамчин кабинаро аз харакат боз медоранд. Гайр аз ин, дархои кабина ва чох блокконтактхои электрикие доранд, ки хангоми кушода будани яке аз дархо Лифтро ба харакат намедароранд ва агар дар мавриди харакат дар кушода шавад, харакати Лифтро катъ мекунанд.

Хозир Лифтхои бо чараёни электрикии тагйрёбанда коркунанда маъмуланд. Дар бинохои «осмонбус» Лифтхои бо чараёни доими амалкунанда истифода мешаванд. Вобаста ба чоп гузориши аппаратурахо Лифтро факат аз дарун (аз кабина), факат аз берун (аз майдончаи нишаст) ва муштаракона идора кардан мумкин аст. Пассажир дар ягон ошёна тугмаи даъватро зер карда, Лифтро «даъват мекунад». Баъди ба кабина даромадан дари кабинаро пушида, тугмаи ошёнаи матлубро зер мекунад ва ба Лифт «амр медихад».

Лифтхои пассажири дар бинохои истикомати, маъмурию чамъияти, корхонахои саноати, космодромхо, манорахои телевизиони ва гайра; Лифтхои боркаш дар курахои домна, заводхои коркарди нефт ва гайра истифода мешаванд.

Солхои охир гурух-гурух идора кардани Лифтхои баландсуръат (аз се то шаш Лифт) маъмул гардид. Идораи гурухи самараи кори Лифтхоро зиёд, мухлати интизоршавиро кам мекунад. Параметрхои асосии Лифт, андозахои кабина, чох ва мошинхона бо талаботхои давлати мукаррар карда мешаванд.

Дар Точикистон мувофики тахминхо ба аввали соли 2017 зиёда аз 400 Лифт дар хизмати мардум карор доранд ки асосан дар ш. Душанбе, Хучанд, Турсунзода ва дигар шахрхо ки дар он шумораи ошёнаашон зиёда аз 7 кабат мебошад насб шудаанд.

Арзиши Лифт бо назардошти насби он дар Душанбе ба соли 2017 тибки хисобхои миёна барои як ошёна ба 500 доллари ИМА баробар мебошад.  Дар самти насб, фуруш ва хизматрасони кардани Лифтхои замонави ширкати ИМО (http://imo.tj/) машгул аст. Дар хизматрасони кардани Лифтхои совети, ки дар хонахои бисёркабатаи давраи шуърави сохташуда мавчуданд, асосан устохои сохибкор, ки ба ин ё он ширкат алокаманди надоранд  машгуланд ва ба хисоби миёна 10 сомони хакки хизмат дар як мох аз хар як уток мегиранд, ки дохили ин маблаг харочотхои вобаста ба таъмири кулли ё харидани кисмхои эхтиёти намедарояд.

Аввалин лифт дар Точикистон солхои авввали 1970-ум пайдо ва насб шудаас. То инчониб (2017 сол) ягон ходисаи фавт бар асари ходисахои садамавии  Лифт дар Точикистон нашудааст. Танхо якчанд ходисахои канда шуда афтидани Лифт ба вучуд омаддаст ва зарари чисмони дидани шахрвандон ба кайд гирифта шудааст. Масълаи назорати фаъолияти Лифтхо ба души хукумат, точикстандарт, сотмончиён ва дигарон вобаста шудааст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …