Маълумоти охирин
Главная / Биология / Лианахо

Лианахо

ЛИАНАХО (аз фаронсави «liane», «Lier» — бастан) ин гурухи растанихое, ки кобилияти танаашонро мустакилона рост (дар холати амуди) нигох доштан надоранд ва растанихои ба дигар, харсанг, девор ва гайраро чун такягох истифода мебаранд, мебошанд. Ба забони точики Лианаро ин хамон алафи Печак, Зардпечак ва монанди хаминхоро меноманд.  Аксари Лианахо растанихои гулдор, инчунин баъзе намудхои сархасшаклхо, лучтухмхо мебошанд.

Лианахо

Лианахои чангалхои тропики. Дар байни Лианахо растанихои дарахти, буттаги, алафии як ё бисёрсолаи хазонрез ва хамешасабз мавчуданд. Онхо одатан растанихои решадори автотрофи, баъзан эпифитхо ва растанихои паразитии бе баргу реша мебошанд. Лианахо асосан дар чангалхои сернами минтакахои тропики (зиёда аз 2000 намуд) ва кисман дар минтакахои муътадил (такрибан 200 намуд) пахн шудаанд. Дар биёбону чул, баландкух ва минтацаи тундра бошад, шумораи онхо нихоят нам аст. Лианахо аз руи характери ба такягох часпиданашон ба ду гурух (Лианахои хазанда ва печон) чудо мешаванд.

Дар собик давлатхои шуърави Лианахо асосан дар Кафкози Гарби, кисман дар Закавказияи Шарки ва кишвари Уссурийск меруянд. Дар Точикистон аз Лианахои худруй якчанд намуди печак, бобопирах ва зарпечак васеъ пахн шудаанд. Ток, марминчон, мардумаки балчувони (Poligonum baldnuani-cum), лифток, мулкак, атрагена (At-ragene sibirica) хам аз чумлаи Лианахо мебошанд. Аз намудхои сершумори Лианахои интродуксияшуда (аз мамлакатхои дигар овардашуда) дар республика плющ, ошики печон, дастмолкаду, носкаду, тарбуз, каду, печи апори, пуэрария, глитсиния, партеноциссус, намудхои токи ёбои ва гайра парвариш карда мешаванд.

 

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …