Маълумоти охирин

ЛЮТЕР

luterЛЮТЕР (Luther) Мартин (10. 11. 1483, Эйслебен, Саксовия—18.2.1546, хамон чо), сарвари Реформацияи бюргери дар Германия, асосгузори протестантизми немис (лютерчиги), Соли 1505 Университети Эрфуртро хатм карда, аз соли 1508 cap карда дар Университети Виттенберг аз илми илохиёт ларс мегуфт. Соли 1517 бо 95 тезис ба мукобили индульгенция (шаходатномаи авфи гунох) баромад. Дар ин тезисхо нуктахои асосии дини нави у, ки тамоми ахком ва сохти калисои католикиро инкор мекард, ифода ёфтаанд. Лютер макоми калисо ва рухониёнро хамчун миёнрави байни худо ва инсон рад менамояд. Ба акидаи у «начоти» инсон на ба ичрои «корхои нек», маросимхои пурасрор, балки ба покии зътикод вобаста аст. Манбаи ахкоми дини насрони на «Ривояти мукаддас», балки Инчил (Библия) мебошад. Дар акоиди динии Лютер рухияи пурихтилофи бюргерхои немис (ибтидои асри 16) ифода ёфтаанд.

Табакахои опозициони ва революциони тезисхои Лютерро хамчун даъват ба муборизаи зидди калисои католики пазируфтанд. Ба харакати чамъиятии Германия такя карда Лютер ба суди динии Рим хозир нашуд. Соли 1520 дар назди омма дар хавлии Университети Виттенберг буллаи (хукмномаи) папаро дар бораи такфири худаш сузонд. Аммо солхои 1520—21 баъди ба арсаи сиёси омадани Т. Мюнцер Лютер аз мавкеи аввалаи радикали дур щуд. Дар давраи чанги дехконон (1524—26) баркарор кардани хокимияти крепостноиро талаб кард. Дар таърихи афкори чамъиятии немис Лютер хамчун арбоби маданият, хамчун ислохотчии таълим, забон, мусики ва г. нуфуз дорад.

 

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …