Главная / Чамъият / ЛЮТЕРЧИГИ

ЛЮТЕРЧИГИ

ЛЮТЕРЧИГИ, яке аз равияхои асосии протестантизм, ки дар рафти Реформация дар Германия (асри 16) дар асоси таълимоти М. Лютер ва пайравони у пайдо шуда аст. Дар Германия, мамлакатхои Скандилавия, Америкаи Шимоли ва г. нуфуз дорад. Дар СCСP калисохои инчилпарастии лютерани дар республикахои Прибалтика мавчуданд. Таълимоти динии Лютерчиги аз католицизм асосан бо он фарк мекунад, ки вай эътикоди шахсии бандагонро воситаи начоти онон медонад, яъне миёнравии рухониёнро (калисо) инкор мекунад.

ЛЮТЕРЧИГИЛютерчиги силсилаи маротиби хоси калисои католики (бо сарварии папаи рим), рухоният, парастиши авлиёхо ва г.-ро инкор карда, танхо мехроб, салиб, аргувун, расмхои дини (на укнум)-ро нигох дошт. Аз таомулхои анъанавии дини факат дутояш — гусли таъмид ва такарруб (маросими хурдани нону шароби шаръи, ки ба тавассути он гуё эътикодмандони дини насрони худро ба Исо пайваста ба «хаёти човидони» такарруб пайдо мекардаанд) боки мондаанд. Калисои лютеранй талон, ва никохи дубораро ичозат медихад.

Аз руи таълимоти Лютерчиги инсон табиатан аз гунохи нахустин пок нест. Аз ин ру, одамон танхо ба бади кодир буда, такдири онхо ба шафкати илохи вобаста аст. Бинобар ин ахкоми «гунахкории омма» дар Лютерчиги макоми бузург дорад.

Федерацияи умуми акоиди лютерани 82 калисои 48 мамлакатро (1970) муттахид мекунад. Калисохои лютерани ба хайати Совети Умумичахонии калисохо (1948) дохил мешаванд.

Дар борамон

Инчунин кобед

monarhiya

МУТЛАКИЯТ

МУТЛАКИЯТ (аз араби— комил; озод), як шакли идоракунии монархи дар Россия, ки хукукхои олии конунгузори …