Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЛУБИЁИХО

ЛУБИЁИХО

lubioihoЛУБИЁИХО (Leguminosae), оилаи растанихои дупаллаги, ки дар хамаи нохияхои кураи Замин васеъ пахн шудаанд. Баргхо одди ё мураккаб, гулхо бештар дар гултуда буда, 5 (баъзан 4) гулбарг доранд; гулбарги болои байрак, ду гулбарги пахлуи бел, ду гулбарги майдатарини дигар завракча номида мешаванд. Лубиёихо одатан 10 (баъзан зиёд) гардбарг доранд.

Лубиёихо кариб 700 чинс ва зиёда аз 1200 намуди растанихои яксола ва бисьёрсолаи алафи, нимбутта, бутта, баъзан дарахтиро дарбар мегиранд. Дар СССР зиёда аз 60 чиня ва 1800 намуд, дар Точикистон 55 чинс ва 550 намуди Лубиёихо меруянд.

Лубиёихо яке аз оилаи мухимтарини растанихои пушидатухм мебошанд. Дар байни онхо растанихои кимматбахои доруи, ороиши, хуроки ва г. хеле бисьёранд. Тухми нахуд, лубиё, наск ва г. микдори зиёди сафеда доранд. Кирмина, юнучка, себарга, эспарцет ва г. бехтарин растанихои хуроки чорво мебошанд. Афсонак, кашкарбеда ва г. растанихои доруи ба шумор мераванд. Ба намудхои ороишии Лубиёихо нахуди хушбуй, акокиё, глициния ва г. мисол шуда метавонанд.

Муносибати симбиозии Лубиёихо бо бактерияхои азотандуз, ки дар решаи Лубиёихо мешаванд, хусусияти мухими биологии онхо мебошад. Бактерияхои азотандуз (Bacterium rodicicola) карбогидратхои Лубиёихоро истифода бурда аз нитрогени озоди хаво пайвастхои нитрогении барои растани зарур хосил мекунанд.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 5, Д., 1978.

М. Расулова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.